Хабарҳо

Артиши миллӣ сипари боэътимоди ватан

Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳим ин таъсис додани Артиши миллӣ ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид. Баъд аз як муддати кӯтоҳ, яъне санаи 23 феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

23 – юми феврали соли ҷорӣ аз таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол пур мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард.

Артиши миллӣ нишон аз ҳастии давлату миллат буда, он ҳамчун рукни муҳим дар пойдории амнияту ҳифзи марзу буми кишвар ва сипари боэътимоди Ватан фаъолият менамояд. Артиш дар таърихи давлатдорӣ яке аз сарчашмаҳои эътиқоду боварии миллат мебошад. Ҳар кишвар дорои артиши миллии худ аст, вале Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шудааст, ки дар он замон дар дохили ҷумҳурӣ гурӯҳҳои ифротгарои номаълум оромии ҷомеаро халалдор мекарданд.

Дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъият дар ин самт ниҳоят душвор буд. Дар қисмҳои ҳарбӣ шароит он қадар хуб ба чашм намерасид. Хушбахтона, имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, ба сӯйи қуллаҳои баланд ҳаракат карда истодааст. Дар тӯли 33 соли фаъолият сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гадид, ки онро дар чанд ҷумла дарҷ кардан ғайриимкон аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт назари махсус зоҳир намуда, рушди Қувваҳои Мусаллаҳро пояи асосии давлатдорӣ меҳисобад.

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар ин мо бояд шукронаи Истиқлолияти давлатӣ намоему дар обод намудани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем.

 

        

Котиби маҷлиси судӣ                                         Насриддинов С.Ш.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *