Сулҳу ваҳдат ибораҳоянд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо аҳли шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан. Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон хастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзи мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоқик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмии истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуди меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргис роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр мекунем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷӣ кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қурғонтеппа – Кӯлоб сохмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳзои ҷаҳон мепайвандад.
Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Хулоса, чун як фарзанди бонангу баномус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва ифтихор метавонам гӯям. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст.
Соли 1997 дар шаҳри Маскави Русия бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ – яке аз идҳои асосии давлатӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳамасола 27- уми июн дар Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллӣ қайд гирифта мешавад. Ҷашни Ваҳдати миллӣ – яке аз муҳимтарин идҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад
Иди Ваҳдати миллӣ тибқи фармони президенти Тоҷикистон тасвиб шуда, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 дар бораи “Рӯзҳои ид” ва моддаи 83-и Қонуни меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.
Вожаи ваҳдат мазмуни васеъ дошта, бо истиқлолият ва озодӣ ҳамбастагӣ дорад. Вақте ки ваҳдат мегӯем, пеши назарамон якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва иттиҳод падид меоянд. Вале ин иттиҳоду ҳамбастагӣ ба осонӣ насиби халқи тамаддунофару сулҳпарвари тоҷик нагаштааст.
Баъди пароканда гардидани ҳокимияти шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навбунёд ба бисёр нокомиҳо гирифтор шуд, зеро ҳодисаҳои нангин, ба мисли тафриқаандозӣ, маҳалгароӣ ва майдоншиниҳо оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд.
Низоъҳои мусаллаҳона зиндагии осоиштаи мардумро халалдор намуда, ҳазорон нафар кӯдакону наврасонро ятим гардониданд. Ҷойе, ки тиру туфанг садо баланд мекунанд, ҳуқуқу озодиҳои инсон хомӯш мешаванд ва аз ин лиҳоз мардум маҷбур буданд, ки манзилҳои худро тарк намуда, дар бисёр кишварҳо гуреза шаванд.
Хушбахтона, дар чунин вазъияти басо сангин моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ин иҷлосияи таърихӣ вакилони мардумӣ Асосгузри сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд.
Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ ба халқи тоҷик муроҷиат намуда, бо қатъият чунин изҳор карда буд: «То даме ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шурӯъ накунем, ҳеч гуна кӯмаку мусоидатҳои кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад. То охирин гурезаҳои иҷбориро ба ватан барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам. Тамому донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии ватани азизамон содиқона меҳнат мекунам».
Санаи 8 декабри соли 1992 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пеши роҳи ҷанги бародаркушро гирифтан қадами аввалини худро гузошт, ки ин муроҷиатномаи ӯ ба халқи тоҷик буд. Дар муроҷиатномаи мазкур аз ҷумла омадааст: «Падару модарон, хоҳарону додарон! Халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраи таърихиро аз сар гузаронда истодааст. Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллату давлати мо шуда истодаанд. Мо, ки ворисони Рӯдакию Сино, Сомонӣ, Ҳофизу Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ҳастем, бо ақлу заковати хеш бояд бо сабру таҳаммул бошем ва нагузорем, ки фарзанд ё бародари мо даст ба ҷиноят занад».
Дар ҳақиқат таърих гувоҳ ҳаст, ки Сарвари давлат ҷони худро дар хатар гузошта, барои баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афгонистон сафар намуда, ҳамватанонамонро бовар мекунонид, ки ба ватан баргарданд. Дар ҳамон давра касе аз зинда мондан ва ба чунин комёбиҳо расиданро тасавур намекард.
Маҳз бо хоҳиш ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлати тоҷикон музокироти сулҳи тоҷикон шурӯъ шуд. Ҷаноби Олӣ зимни вохӯриҳояш бо мухолифон такрор ба такрор мегуфт, ки агар мо ба сари мақсад наоем, миллат нест мешавад, Тоҷикистон ба порчаҳо тақсим мешавад ва наслҳои оянда мову шуморо намебахшанд.
Дар ниҳояти кор гуфтушунидҳо бо мухолифон дар Афғонистон, Эрон, Русия, Покистон натиҷаи дилхоҳ доданд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Маҳз сиёсати оқилона, дурнадешӣ, садоқат ва сулҳхоҳии Пешвои миллат боис шуд, ки моҷароҷуӣ ва нофаҳмоиҳо дар кишварамон хомӯш гардида, суботу амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин шуд. Имрӯзҳо иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши СММ ва бисёр давлатҳои олам гадидааст.
Ваҳдати миллӣ шукуфоии ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, ҳуқуқу озодиҳои инсон риоя ва рушди бемайлони он таъмин карда мешавад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ва сулҳу ваҳдат пойдор аст. Мо – тоҷикону тоҷикистониён бояд дар атрофи Сарвари дурандеши худ-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, бо меҳнати софдилонаю содиқонаамон ватани азизамон Тоҷикистонро обод гардонем.
7-уми июни соли 2023 аз баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол пур гардид. Бо ин мақсад ҳафтаи равон дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи мамлакат Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ нишонаи боэътимоди ҳамоҳангии Пешвои миллат бо мардуми Тоҷикистон аст» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони як қатор вазорату идораҳо ва коршиносону муҳаққиқон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштирокчиён зимни баромади худ дар мавзӯъҳои «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ», «Сабақҳои таърихии сулҳу тоҷикон», «Милитсияи тоҷик муҳофиз ва таҳкимбахши Ваҳдати миллӣ», «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва бозтоби он дар осори шоирон», «Ваҳдати миллӣ-омили бақои давлатдории миллии тоҷикон» ва «Поянда бод Ваҳадти миллӣ» маърӯзаҳои пурмазмун намуда, изҳор доштанд, ки Ваҳдати миллӣ дар пешравию ободии мамлакат нерӯю суръати баланд бахшида, боиси ифтихору сарфарозии ҳар як фарди соҳибватан гардидааст.
Воқеан имзои ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар ҳаёти минбаъдаи давлату миллат дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд овард. Дар муддати начандон тӯлонӣ миллати мо ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардид. Маҳз, самараи ваҳдату якдилӣ аст, ки имрӯз ҳар фарди тоҷикистонӣ метавонад, озодона кору фаъолият намояду зиндагии созгореро баҳри худ муҳайё созад.
Иҷрокунандаи Сардори шӯъбаи коргӯзори ва назорати Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Насриддинов Санҷарбек Шуҳратҷонович