Суди иқтисодии шаҳри Душанбе. Суроға: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 14А, Рақами боварӣ: +992 37 222 20 84

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТӢ

Бо назари аҷр ва сипос нигаристан ба мақоми шахсият дар таърихи давлатдории инсоният назари нав набуда, масъалаест ҳамрадифи тақдири он насле, ки бо идрок ва эҳсоси амиқ ба гузашта ва имрӯзи Ватани маҳбуб бо чашми умед баҳри саодат ва хушбахтии миллат менигарад. Муҳтавои назар  ва ибрози андешаи мо дар ин мавзуъ ба он равона гардидааст, ки мақом ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмонро дар рушди муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то андозае нишон диҳем.

        Таърихи навини тоҷикон гувоҳ аст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмадона ва матонату ҷасорати фавқулода кишваро аз вартаи фалокат берун оварда, ҳазорон ғурбатзадаро ба Ватан баргардонда, халқро сарҷамъу муттаҳид карданд. Бо иродаи Сарвари давлат дар мудати кӯтоҳи таърих харобаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бартараф, иншооти азиму роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ бунёд гардида, робитаҳои дипломатӣ бо кишварҳои дуруру наздики хориҷи васеъ ба роҳ монда шуданд. Тавре маълум аст, пас аз бадаст авардани истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар муносибатҳои байналмилалӣ ба сифати сӯбеъкти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ муарифӣ намуда, эълон дошт, ки фаъоляти он  ҳамчун давлати комилҳуқуқ барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, барҳам додани силоҳи ядроӣ ва дигар аслиҳаи қатли ом, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофоти байни давлатҳои соҳибистиқлол равона карда мешавад. Ин масъала дар Эломияи истиқлол дарҷ гардида аст, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субеъкти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ бо давлатҳои хориҷи алоқаҳои дипломатӣ консулӣ тиҷоратӣ ва дигар алоқаҳо барқарор менамояд, бо онҳо шартномаҳои байналхалқӣ мебандад”

Қобили зикр аст, ки пешвои миллат аз рӯзҳои аввали фаъоляти сиёсиашон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии олам таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Мутаҳид, мардуми оламро ба муборизаи дастаҷамона алайҳи терорризму эхстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҳалли мушкилот глобалии сайёра даъват намуданд.

Мо ифтихор аз он дорем, ки имрӯз аҳамияти иқдомҳои Президенти Тоҷикистонро дар саросари олам дарк менамоянд. Ин аст, ки то кунун 5 ташаббуси байналмилалии Сарвари давлати мо вобаста ба обу иқлим аз суи кишварҳои ҷаҳонӣ мақбул ва аз ҷониби СММ пазируфта шуданд. Ҳоло ташаббуси сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба 10 солаи байналмилалии амал “Об барои рушти устувор, солҳои 2018-2028” мавриди амал қарор дошта, то кунун пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе мизбони қомфронсу ҳамоишҳои сатҳи баланд, дар доираи ин Даҳсола гардидааст.

         Роҳи сиёсату давлатдорие, ки Эмомалӣ Раҳмон тай намудаанд, роҳи садсоларо мемонанд. Зеро маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровари Прездаети мамлакат, ташаббусҳои созандаву некбинонаи ин сиёсатмадории сатҳи ҷаҳонӣ нисбат ба ҳалли мушкилоти аҳли башар мардуми сайёра ба Тоҷикистон бо назари эътимод ва эҳтиромона менигаранд.

          Сиёсати хориҷии шаффоф ва усули “дарҳои кушода” ба он мусоидат намуд, ки Тоқикистон узви шоистаи ҷомеаи байналмилилӣ гардад, равобити сиёсӣ ва ҳамкории судмандро бо аксар давлатҳои ҷаҳон бароҳ монад. Аз пиёдасозии чунин дипломатия то имрӯз натиҷаҳои мусбату дилхоҳ бадаст омада, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар асоси принсипҳои байналмилалии баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми тарафайн бо кишварҳои  Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Амрикову Аврупо, Осиёву Африқо робитаҳои мустақими дипломатӣ бароҳ монд. Ҳоло Тоҷикистон бо 180 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, барои муаррифии боз ҳам бештари симои мусбати кишвар, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва дар маҷмуъ, доир ба ҳифзу манфиатҳои миллӣ намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаи консулии кишвари мо дар хорҷи мамлакат фаъолят доранд.

 

Судяи Суди иқтисодии 

шаҳри Душанбе:

Ҳотамзода Ш.С.