Суди иқтисодии шаҳри Душанбе. Суроға: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 14А, Рақами боварӣ: +992 37 222 20 84

Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024.

Санаи 28-уми декабри соли 2023 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки аз ҷониби Пешвои миллат соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд, чунки дар ин сол аз қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад ва ин ҷашн бояд бошукуҳ таҷлил карда шавад.

Эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ», донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳои маънои амиқу ниҳоӣ дорад, балки тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи муттамадин, сохтани шахси комил ва эътимоди давлати ободу муосири миллӣ ба ҳисоб меравад.
Дар заминаи андешаҳо, Пешвои миллат супориш доданд, ки вобаста ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ҳуқуқшиносон дар ҷамъомадҳо ва баромадҳои матбуотӣ, радиоиву телевизион оид ба амалӣ гардонидани њадафњо суханронӣ намоянд. Аз ҷумла дар бораи :
-Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон;
– Тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ;
-Баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун;
Дар ростои таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора ба ин мавзуъ рў овардан, маънии онро дорад, ки шаҳрвандон омўзиши маърифати ҳуқуқии худро зиёд намоянд. Дар ҳақиқат, омўзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки онҳо бо иштироки фаъоли ҳар як шаҳрванд аз нигоҳи ҳуқуқӣ соҳиби маърифати худ ба таъмини фаъолияти муваффақонаи соҳаҳои гуногуни давлатдорӣ ноил гардидаанд. Ҳар кадоми мо бояд дар партави ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон шудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» барои рушд додани сатҳи маърифати ҳуқуқии хеш саҳм гузорем .

     Котиби маҷлиси судӣ:

     Исматов М.Х.