Маърифат аз калимаи арабӣ гирифта шуда, маънояш илму дониш, шинохтан, донистан,биниш, тамиз, фаҳм ва шиносоӣ ё ошноӣ мебошад.
Таҷрибаи рӯзгор ва андарзҳои бузургон моро ҳушдор медиҳанд, ки инсон дар ҳама давру замон ниёз ба хондан, омӯхтан, дониш андӯхтан, тавонистан ва эҳтиёту ҳифзи арзишҳои маънавиро дорад. Дар ин маврид устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фармудааст:
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.
Маърифат раванди фаъолонаи мақсадноки инъикоси воқеъият дар майнаи инсон буда, таъиноташ дастрас кардани донишҳои мувофиқ дар бораи олам мебошад. Маърифат раванди иҷтимоӣ-таърихии фаъолияти эҷодии одамон аст. Дар ҷараёни он қишрҳои мухталифи ҳастӣ, тарафу ҷиҳатҳои дохилӣ ва берунаи зуҳуроту ашёҳо маълум карда мешаванд, инчунин инсон ва ҷомеа рмӯхта мешавад.
Ба қавли Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ “Дар партави ишқу муҳаббат бояд илму маърифат бошад. Муҳаббат метавонад дар вуҷуди як инсони бемаърифат ҳам бошад, аммо муҳаббате, ки аҳли маърифат парвариш кардаанд ва тақдим кардаанд, маълум аст, ки пурмағзтар, рӯшантар, гармтар ва ҷовидонӣ аст.”
Ҳамин тавр, метавон қайд кард, ки сатҳи баланди маърифати ҳуқуқи шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имконияти баробар, аз ҷумла имконоти ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд.
Ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Яке аз самтҳои муҳимми пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад”.
Лозим ба ёдоварист, ки соли 2024 дар мамлакат бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид.
Дар ин росто аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шуд, ки тамоми сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ юояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун барои соли 2024, ки 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд: “Зеро аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад”,-таъкид намуданд Сарвари давлат.
Хуллас, эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад.
Судяи Суди иқтисодии
шаҳри Душанбе: Нурализода О.Б.