Суди иқтисодии шаҳри Душанбе. Суроға: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 14А, Рақами боварӣ: +992 37 222 20 84

ТАЪМИНГАРИ АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ

Маърифати ҳуқуқӣ як омили муҳим дар рушд ва устувории ҷомеа мебоашд. Он ба таъмини адолат, риояи қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мусоидат мекунад. Дар ҷаҳони муосир, ки масъалаҳои ҳуқуқӣ ва адолати иҷтимоӣ дар меҳвари сиёсати давлатҳо қарор доранд, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ аҳамияти бузург дорад. Надонистани қонун инсонро метавонад ба мушкилот ва пайомадҳои ҷиддӣ оварда расонад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.12.2023 қайд намуданд, ки “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон шавад.

Ин ташаббус ҳамчун як қисми стратегияи густариши маърифати ҳуқуқӣ дар байни аҳолии кишвар таҳия шудааст. Мақсади асосии ин иқдом баланд бардштани саводнокии ҳуқуқии шаҳрвандон ва таъмин намудани адолат дар ҷомеа мебошад.

Эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар Тоҷикистон ҳадафҳои зеринро дорад:

  1. Баланд бардоштани маърифатӣ ҳуқуқӣ. Тавассути таълими ҳуқуқӣ дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва дар миёни ҷомеа, ҳукумати Тоҷикистон ҳадаф дорад, ки сатҳи дониш ва фаҳмиши ҳуқуқии шаҳрвандонро баланд бардорад.
  2. Таҳияи ҳокимияти қонун. Ин ташаббус ба таҳкими ҳокимияти қонун ва риояи он дар ҳама соҳаҳои ҳаёт мусоидат мекунад. Ба шаҳвандон имконият дода мешавад, ки бо ҳуқуқу вазифаҳои худ бештар ошно шаванд ва онҳоро дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ татбиқ кунанд.
  3. Пешгирии ҷинояткороӣ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ мптавонад коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ ва қонуншиканиҳо мусоидат кунад. Шаҳрвандон бо фаҳмиши беҳтари қонун ва оқибатҳои риоя накардани он амал мекунанд.
  4. Таъмини адолат. Ташаббус ба таъмини адолат ва дастрасии ҳамагон ба ҳифзи ҳуқуқӣ равона шудааст. Бо ин роҳ, ҳукумат кӯшиш мекунад, ки ҳар як шаҳрванд дар назди қонун баробар бошад.

Барои расидан ба ин мақсадҳо як қатор тадбирҳои муҳим пешбинӣ шудаанд.

Якум, таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимӣ дар мактабҳо ва донишгоҳҳо барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ. Инчунин, ташкили семинарҳо, тренингҳо ва мизҳои мудаввар барои калонсолон ва кормандони соҳаҳои гуногун.

Дуюм, воситаҳои ахбори омма. Истифодаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла телевизион, радио, рӯзномаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ баро паҳн намудани маълумотҳои ҳуқуқӣ ва таъмини дастрасии ҳамагон ба донишҳои ҳуқуқӣ вазифаи пулеро иҷро мекунанд.

Сеюм, Ширкатҳои ҳуқуқӣ ва марказҳои машваратӣ. Ташкили ширкатҳои ҳуқуқӣ ва марказҳои машваратӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои таъмини машварат ва кӯмаки ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон мусоидат мекунад.

Чорум, таҳкими қонунгузорӣ. Баррасӣ ва такмили қонунгузорӣ барои таъмини ҳифзи беҳтари ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва мутобиқати қонунҳо ба талабои замон хизмат мекунад.

Эълон намудани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон як иқдоми муҳим ва саривақтӣ мебошад, ки ба рушди фарҳанги ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳокимияти қонун дар кишвар мусоидат мекунад. Ин ташаббус медиҳад, ки ҳукумати Тоҷикистон ба таъмини адолат, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ тавваҷуҳи ҷиддӣ дорад. Бо татбиқи тадбирҳои пешбинишуда ин ташаббус метавонад ба як қадами бузург дар роҳи рушди устувор ва пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон табдил ёбад.

     Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе:

     Комилӣ Ф.