Тавре маълум аст, бадхоҳони миллати тоҷик дар оғози истиқлолияти давлатӣ бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ халқи тоҷикро ба гирдоби мухолифат ва муқовиматҳои сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонданд. Мардум оқибатҳои фоҷиабори мухолифати муссалаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дид ва меваи талхи нооромиҳоро чашид, ки ҳанӯз захмҳои барҷойдоштаи он аз дилҳо нарафтаанд.
Дар ин давра касе иродаи сарварӣ намудани халқи парокандаи тоҷикро надошт ва маҳс Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳузури мунаввари хеш дар майдони сиёсаттавонистанд, вазъро ба эътидол оварда, давлати аллакай фурӯхтаро аз нав бунёд созанд.
Яке аз аввалин суханони Раиси навинтихоби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон ин буд: “Ба хотири барқарории сулҳ ва бозгашти ҳамаи фирориён ба Ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам”.
Ин аст, ки тамоми давлатҳои манотиқи ҷангзада дастоварди нодирисулҳи моро намунаи мактаби сулҳоварӣ арзёбӣ намуда, мавриди тадқиқ ва истифода қарор медиҳанд.
Новобаста аз нобасомониҳо ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои аввалини истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, сулҳу ваҳдатро барқарор намуда, ба эътимори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ даст ёбад, ҳуқуқу озодиҳои инсонро эътироф, риоя ва ҳифз карда, миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мақому манзалати худро пайдо намояд.
Мусаллам аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлол бояд қонуни асосӣ ва ё конститутсия худро дошта бошад. Халқи тоҷик ҳам, ки чун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави худро қабул намуд. Дар Конститутсия, боби алоҳидае бо ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия гардида, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мешаванд. Дар Конститутсия Тоҷикистон тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосӣ танзими ҳамаҷониба пайдо кардаанд. Давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шхс, озодии сухан, нашр, ҳуқу ба истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат едиҳанд. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати яке аз конститутсияҳои мукаммал дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шинохта шуда, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба як қатор дастовардҳо ноил гардид. Аз ҷумла, дар барорбари қонунгузории миллӣ як қатор санадҳои байналмиллалӣ, аз қабили Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ. Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбаб ба занон. Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунанда шаъну шараф, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсия байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаҳои онҳо ва дигарҳо ба тасвиб расида, барои амалишавии онҳо чораҳои дахлдор андешида шудаанд.
Мо – фарзандони миллати тоҷикро зарур аст, ки бо заҳмати софдилона Ватани худро ободу зебо гардонда, онро пешрафтаю қавӣ намоем, аз ҳар гуна хатарҳои ғаразноки душманон эмин нигоҳ дорем. Бо шукргузорӣ аз давронт тстиқлол мо соҳибватану соҳибмиллатонро мебояд, ки бо худогоҳиву худшиносӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ дар пайи муҳофизати меҳану миллату давлати азизамон бо тамоми имконоти ақлониву ҷисмонӣ содиқона хизмат намоем, зеро ҳифзи арзишҳои миллӣ ва истиқлоли давлатӣ аз вазифаҳои асосии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси диёр маҳсуб меёбад.
Судяи Суди иқтисодии
шаҳри Душанбе: Ҳотамзода Ш.С.