Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо — тоҷикон ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳаммияти калидӣ доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷониву имонии ҳар шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон буда, ноил гаштан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мебошад.
9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди бузургу хуҷастае ба вуқуъ пайваст – Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти худро эълом намуд ва ҳамчун давлати мустақил вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳон гардид. Ва маҳз аз ҳамин давра сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муҳимтарин давраи ҳаёти сиёсӣ ба шакл гирифтан оғоз намуд.
Воқеан, истиқлол воситаи асосии рушду нумӯи давлат ва муайянкунандаи сиёсати дохилию хориҷии ҳар кишвар аст. Истиқлол нишони ҳувият, ифтихор, номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат мебошад. Истиқлоли давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар комёбиҳои беназир ба даст оварда шаванд. Дар баробари ин, истиқлол дар назди миллати тоҷик рисолати бузургеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд.”
Бояд гуфт, мустақилияти давлат дар нигоҳ доштани ягонагӣ ва волоияти ҳокимияти давлатӣ дар қаламрави мамлакат ва соҳибихтиёрӣ дар муносибат бо субъектҳои сиёсии байналмилалӣ ифода меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ гардида, бо аксар кишварҳои олам ва созмонҳои ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намудааст. Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва чандин ташкилотҳои байналмилаливу минтақавии дигар мебошад.
Падидаи муҳим дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани пешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла ба масъалаи об, равона гардидаанд, қобили дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд ва кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст.
Таҷрибаи сиёсӣ нишон медиҳад, ки маҳз истиқлол ва ваҳдати миллӣ роҳи инкишофи имрӯзу ояндаи дурахшон ва пешрафти ҷомеаи моро муайян ва самтҳои ба мақсад расиданро равшан сохта, тамоми шаҳрвандонро баҳри амалӣ гардондани онҳо ҳидоят менамояд.
Истиқлолият зиндагии ноороми мо мардуми тоҷикро ба манзараи рангорангу дилфиреб ва ватани азизамонро ба як макони беназир , бемислу монанд ва макони сайёҳони хориҷӣ табдил дод.То имрӯз дар муддати 33-соли истиқлолият, сарзамини бузурги мо дар тамоми самтҳо аз қабили илму маориф, санъату фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт ва дигарҳо ба пешравиҳои зиёд ноил гардид.
Соҳибистиқлолӣ барои сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлате ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро фароҳам овард.
Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳое мебошанд, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрўзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири кишвари соҳибихтиёрамон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардаанд.
Ин раванд инқилоби арзишманду таърихӣ буда, дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат ба сиёсати серҷабҳа ва бобарори Пешвои миллат иртиботи ногусастанӣ дорад ва ба устувории рукнҳои давлатдорӣ мусоидат карда, неруҳои солиму пешбарандаро ба тарҳрезии фардои боз ҳам осудаю обод ҳидоят менамояд.
Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии давлатӣ обру ва нуфузи Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил ва ташаббускор дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд. Махсусан, ташаббус ва пешниҳодоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои мубрами умумибашарӣ аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои абарқудрат ҳамовозии амиқ пайдо карданд.
Котиби маҷлиси суди: Исмоилов И.Ш.