Суди иқтисодии шаҳри Душанбе. Суроға: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 14А, Рақами боварӣ: +992 37 222 20 84

РӮЗИ ИСТИҚЛОЛЯТИ ДАВЛАТИ МУБОРАК БОД

       Санаи 9-уми сентябр дар таъриху тамаддуни муосири сарзамини кӯҳанбунёдамон бо хатҳои заррин ҳамчун рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шуда, ҳар як фарди ватани азизамон ин дастоварди бузургу муқаддасро бо ҳисси ифтихори миллӣ ва шукӯҳу шаҳомати хоса дар фазои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ арҷгузорӣ  истиқбол менамояд. 

       Дар воқеъ, барои ҳар миллат истиқлолияту озодии ватан бузургтарин сарват ва нодиртарин неъмат буда, арзиши он бебаҳост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, моро пайваста барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ менамоянд.

       Имрӯзҳо мо дар арафаи таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, 33 сол муқаддам мардуми мо ба бунёди давлату давлатдорӣ ва эҳёи суннату арзишҳои миллии хеш сазовор гардида, давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон шинохта шуд.

       Ҳамзамон, аз нигоҳи таърих як нуқтаи муҳимро махсусан барои ҷавонон, мехоҳам таъкид намоям, ки истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 ба осонӣ ба даст наомадааст. Чуноне, Пешвои миллат дар суханрониҳои хеш борҳо ба вежа қайд кардаанд, заминаи соҳибихтиёриву соҳибдавлатии мо аз ҳисси ватанхоҳию амалкарди қаҳрамонони миллати тоҷик маншаъ мегирад. Бинобар ин, насли имрӯзро мебояд, ба муборизаҳои ҷоннисоронаи Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, хидматҳои тақдирсози устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров, инчунин муаррифгарии халқи тоҷик тавассути ашъори қосиди сулҳ дар ҷаҳон Мирзо Турсунзода арҷ гузорад.

       Ҷашни 33 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, воқеан, як рӯйдоди муҳими таърихӣ буда, барои мо, мардуми тоҷик, ҳисси баланди ифтихор аз ватану ватандорӣ мебошад. Рушди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, илму дониш дар давоми 33 – соли истиқлолият хеле назаррас ва боиси ифтихори мост.

        Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Аз ҳамин лиҳоз ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби охирҳои асри гузашта моро водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот, ва ободу зебо гардонидани ватани маҳбубамон, ру ба тарақи ниҳодани иқтисодиёт, саноати кунонии кишвар ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст.           Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем.

Котиби маҷлиси судӣ:  Қодиров Ҷ.Р.