Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард. Даврони истиқлолият роҳи имрузу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба суи ҷомеаи декмократӣ, ҳуқуқбунёд ва дуняви муайян намуд. Маҳз бо шарофати ба даст даровардани истиқлолият ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам омад, ки дониш қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, ватани худро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба суи ояндаи нек устуворона қадам гузоранд.
Истиқлолият зиндагии нооромии мо мардуми тоҷикро ба манзараи рангорангу дилфиреб ва ватани азизамонро ба як макони беназир, бемислу монанд ва макони сайёҳони хориҷӣ табдил дод. То имрӯз дар муддати 31 соли истиҚлолият, сарзамини бузурги мо дар тамоми самтҳо аз қабили илму маориф, санъату фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт ва дигарҳо ба пешравиҳои зиёд ноил гардид.
Бояд гуфт, ки мустақилияти давлат дар нигаҳ доштани ягонагӣ ва волияти ҳокимияти давлатӣ дар қаламрави мамлакат ва сиҳибихтиёрӣ дар муносибат бо субъектҳои сиёсии байналмиллалӣ ифода меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ гардида, бо аксар кишварҳои олам ва созмонҳои ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намудааст. Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатоҳи МустаҚил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва чандин ташкилотҳои байналмиллаливу минтақавии дигар мебошад.
Падидаи муҳим дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикстон Қабул гардидани пешниҳодҳо дар сатҳи байналмиллалӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла ба масъалаи об равона гардидаанд, Қобили дастгирии ҷомеи ҷаҳонӣ мебошанд ва кишвари мо дар арсаи байналмиллалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глаболии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст.
Истиқлоли давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити хуб фароҳам овард. Бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард қадами бузург иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва омилҳои муҳим баҳри ҳамгироии ҷомеа мебошанд.
Таҷрибаи сиёсӣ нишон медиҳад, ки маҳз истиқлол ва ваҳдати миллӣ роҳи инкишофи имрӯзаву ояндаи дурахшон ва пешрафти ҷомеаи моро муайян ва самтҳои ба мақсад расиданро равшан сохта, тамоми шаҳрвандонро баҳри амалӣ гардонидани онҳо ҳидоят намояд.
Пас моро месазад, ки ба қадри ин ҳама ғамхориҳои ҳукумати кишвар расида, дар ин сарзамини сулҳофарину соҳибистиқлол бо сари баланд, бо меҳнати софдилонаи худ, ҳамеша дар ободиву озодии ин сарзамини биҳиштосову соҳибистиқлол кӯшиш намоем.
Котиби маҷлиси судӣ: Чиллаева Ш.Қ.