Суди иқтисодии шаҳри Душанбе. Суроға: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 14А, Рақами боварӣ: +992 37 222 20 84

Чорабини бахшида ба 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшида ба ҷашни умумимиллӣ 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-уми сентябри соли 2024 дар бинои Суди иқтисодии шаҳри Душанбе чорабини баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии  шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муҳтарам Комилӣ Файзалӣ чорабиниро кушода чунин қайд намуданд: Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба суйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд. Истиқлол, озодӣ, соҳибихтиёрӣ арзишҳое мебошанд, ки дар меҳвари ормонҳои милии тамоми халқу миллатҳо қарор доранд. Истиқлол муҳимтарин воситаи амалишавии тамоми ҳадафу мақсадҳо маҳсуб меёбад. Ин падиди нодир барои ҳар як шахс имкон медиҳад, ки қабл аз ҳама чун инсон зиндагии шоиста намояд. Миллату халқиятҳое ҳастанд, ки ҳазорсолаҳо инҷониб дар роҳи истиқлолу озодӣ талош доранд. Хушбахтона, миллати тоҷик ба армони ҳазорсолаи худ расиду истиқлол ба даст овард. Дар роҳи даст ёфтан ба истиқлол дар тули таърих ин миллати соҳибтамаддун садҳо фарзандони муборизу қаҳрамони хешро фидо намуд. Қаҳрамониҳои чеҳраҳои мондагори миллат билохира натиҷа доду насиби мо гардид

Баъдан Муовини Раиси Суд Гулзода С. ва кормандони дастгоҳи суд баромад намуданд.

Дар фарҷоми чорабини Раиси Суди мардуми маҳбуби кишварро бо фарорасии ҷашни бузурги миллӣ  яъне  истиқлолит табрик намуданд.

Бигзор, ҷашни муқаддаси истиқлол барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, фатҳу кушоишҳо оварад ва ҳамеша ваҳдату ягонагӣ ҳамсафари доимии шумо бошад!

Рӯзи истиқлол муборак бод!