Шанбегӣ бо муносибати таҷлили 33 солагии Истиқлолияти давлатӣ Бо мақсади иҷрои амру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ дар гирду гушаи ҷумҳуриамон вусъати тоза касб менамояд. Дар ин муносибат бо иштироки кормандони Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар бинои суд шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд. Ҳайати шахсӣ сарҷамъона ба ҳашар баромада, ба тозакунии бинову гирду атрофи он саҳм гузоштанд.