Суди иқтисодии шаҳри Душанбе. Суроға: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 14А, Рақами боварӣ: +992 37 222 20 84

Зарурати ворид намудани тағйирот ба қонуни танзим.

Дар давоми 17 сол ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаш маротиба (16-уми июни соли 2008, 21-уми июли соли 2010, 30-юми майи соли 2017, 28-уми августи соли 2017, 25-уми июни соли 2021 ва 20-уми июни соли 2024) тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Ба маврид аст қайд намоем, ки 20-уми июни соли 2024 Қонун дар таҳрири нави ҷавобгӯ ба талаботи замон таҳия ва қабул гардид.

Дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз талаботи сархати сеюми моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки дар он омадааст: «Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад». Инчунин, ҳангоми таҳияи Қонун таклифи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва пешниҳоди шаҳрвандон ба инобат гирифта шудааст.

Пеш аз ҳама, номи Қонун иваз гардида, калимаи «анъана» аз ном ва тамоми матни Қонун хориҷ карда шуд. Номи боб тағйир ёфта, ба Қонун 6 моддаи дигар илова гардид, ки айни замон аз 6 боб ва 22 модда иборат аст. Ба Қонун салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба танзими ҷашну маросим бо талаботи иловагӣ ворид гардид.

Ҳамчунин ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим чунин тағйирот ворид карда шуд.

  1. Барои хабардор накардани комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар хусуси баргузории тӯйи домодию арусӣ ва маросими азодорӣ, инчунин, пошидан ва часпондани пул дар ҷашну маъракаҳо, – ба андозаи даҳ нишондиҳанда (720 сомонӣ) барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда шудааст.
  2. Барои гузарондани маъракаҳои манъшуда, вайрон намудани тартиби гузаронидани маъракаи зодрӯз, хатнасур, маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак, дафну азодорӣ ва мавлудхонӣ, – ба шахсони воқеӣ ба андозаи як саду бист (8640 сомонӣ) ва ба шахсони мансабдор ба андозаи сесаду панҷоҳ (25200 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда шудааст.
  3. Барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба гузарондани тӯйи домодию арусӣ, аз ҷумла риоя накардани шумораи даъватшудагон, вақт ва давомнокии баргузории ҷашну маросим, – ба шахсони воқеӣ ба андозаи дусаду бист (15840 сомонӣ) ва шахсони мансабдор ба андозаи панҷсаду панҷоҳ (39600 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда шудааст.
  4. Барои вайрон кардани қоидаи тӯйи домодию арусӣ, теъдоди меҳмонҳо, вақти баргузории тӯю маъракаҳо, – ба шахсони воқеӣ ба андозаи сесад (21600 сомонӣ) ва шахсони мансабдор ба андозаи як ҳазору панҷсад (108000 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда шудааст.
  5. Барои риоя накардани тартиби гузарондани маъракаҳои гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ё умра (берун аз доираи оила), ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, оши ҳоҷӣ, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳои ба хотири ҳаҷ ва умра, – ба шахсони воқеӣ ба андозаи сесад (21600 сомонӣ) ва шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад (57600 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда шудааст.

   Сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорат:    Насриддинов С.Ш.