Суди иқтисодии шаҳри Душанбе. Суроға: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 14А, Рақами боварӣ: +992 37 222 20 84

МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ВАБОИ АСР ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

Терроризм яке аз падидаҳои номатлуб ва зиёновару нангину зулмовар ба ҳисоб рафта, ҳадафи он пароканда кардани якпорчагии давлату миллат ва қатлу куштор буда, саркардагони он бо ин роҳ хостгори ҳокимияти мутлақ барои амалигардонии мақсаду ниятҳои нопоки худ мебошанд. Дар замони муосир ин падида аз ҷониби гурӯҳҳои гуногун боистифода аз номҳои исломӣ, ба монанди Давлати Исломӣ, Ҷабҳат-а-нусра, ал-Қоида ва ғайра ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Чунин гурӯҳҳо нерӯи ҷисмонии худро аз ҳисоби ҷавонони берун аз таҳсилу илм, дур аз тарбияи падару модар монда ва надоштани таълимоти кофӣ дар бораи дину оини хеш ташкил медиҳад, ки фикри ба осони ба даст овардани пулу моли безаҳмат ба доми манфиатҷӯёни муғриз меафтанд. Надоштани иттилои кофӣ инсонро ба ҷараёну ҳаракатҳои террористӣ мебарад. Чунин раванд дар охири асри XX ва авали асри XXI ба авҷи баланди худ расидааст, ки боиси нигаронии мардуми тамоми ҷаҳон гардидаст. Ҳодисаҳои ваҳшиёнае, ки созмонҳои террористӣ анҷом медиҳанд, дар баробари талафот ёфтани нафарони зиёди бегуноҳ, инчунин, фарҳанг ва арзишҳои таърихӣ ва дастовардҳои муҳимми инсонӣ вайрону валангор гардидаанд.

       Аз ҷониби чунин созмонҳои террористӣ дар кишварҳои шарқи исломӣ, ба монанди Сурияву Ироқ, Тунису Яман ва Нигерия мардум ба кулбори азобу ранҷ, қатлу куштор ва фавти мардуми оддӣ, ки шумораи зиёди онҳоро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд, гирифторанд. Чунин амалҳои террористӣ боиси дур мондан аз таҳсили наврасону ҷавонон, беаҳамият ва беқадр шудани ҳуқуқҳои инсон гаштааст. Беқадриву беаҳамиятӣ ва ҳимоя нашудани ҳуқуқҳои мардум дар зери ин кулфати бедодгар онҳоро сарсону саргардон сохтааст. Дар зери зулму ситами чунин созмонҳои террористӣ механизмҳои давлатии ҳимояи ҳуқуқи инсон иҷрои фаъолияти муътадили худро аз даст дода, ҳимояи ҳуқуқҳои шарҳвандони худро ба ҷо оварда наметавонад, ки ин сабаби тарк намудани шаҳрвандони зиёд аз давлати худ гаштааст.

      Умуман, дар давлатҳое, ки созмонҳои террористӣ арзи ҳастӣ доранд ва барои амали гардонидани мақсадҳои нопокашон ҳаракатҳои террористиро анҷом медиҳанд, ҳуқуқҳои инсон пурра поймолгардида, эътироф намешаванд ва дар  назди чунин гурӯҳҳо ҳеҷ аҳамияте надорад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, чунин иброз менамоянд: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.

      Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат оиди ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рӯзҳои аввалини давлатдории хеш ин намуди ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба созмонҳои байналмиллалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд пайваст гардида, ҳамагуна зуҳуроти номатлуби террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ дар самти муқовимат алайҳи зуҳуроти терроризм ва экстремизм ҳамчун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 1999 ҷиҳати муқовимати фарогир бар зидди терроризм ва экстремизм як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм” имзо гузошт.      

     Аз 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” ба тавсиб расид. Қабули ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои фароҳеро дар таҳкими мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овард. Ҳамин ҷанба дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр гардидааст: “Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд”.

     Аз соли 1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 гурӯҳи муташаккили террористӣ аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ маҳв гардида, фаъолияти 12 ҳаракат, ҳизб ва гурӯҳҳои экстремистии ифротиву тундгаро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ гардид.

     Дар ҳуҷҷати “Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қайд гардидасст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти мавқеи ҷуғрофиаш ҳоло ҳам дар маркази диққати сиёсати геополитики давлатҳои бузург қарор дорад. Дар ин бобат ба фазоии сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ҳарбӣ-сиёсии Афғонистони ҳамсоя таъсири манфӣ мерасонад, зеро дар ин давлати ҷангзада зиёда аз 30 сол боз муқовиматҳои дохилӣ давом дошта, он ба яке аз марказҳои терроризми ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

      Пӯшида нест, ки баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ бисёре аз кишварҳо эҳтимоли хатар ва беамнӣ эҳсос карда, аз Созмони Милали Муттаҳид таъмини амният дар ҷаҳонро тақозо намуданд. Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ бошанд, ба минтақаҳои осебпазири ҷаҳон табдил ёфтанд. Дар ин минтақаҳо терроризм ва экстремизми динӣ авҷ гирифта, ба кишварҳои дигар хатар таҳдид кард. Тавзеаи терроризм ва экстремизми динӣ дар солҳои 90-уми асри ХХ, баъди бо роҳи зӯрӣ тасарруф намудани навад дарсади қаламрави Афғонистон аз ҷониби гурӯҳи “Толибон” ба кишварҳои мисли Русия, Осиёи Марказӣ ва Чин низ таъсири худро расонд. Барои пешгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб сарони ин кишварҳо тасмим гирифтанд созмони минтақавие таъсис диҳанд, ки ҳадафи аслии он таъмини амнияти минтақавӣ ва мубориза бо терроризм ва экстремизм бошад. Чунин ташкилот бо номи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) 15 июни соли 2001 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис шуд.

        Сарони кишварҳои узви СҲШ дар изҳороти хеш дар мавриди вуруди неруҳои низомии Амрико ба Афғонистон таъкид намуданд, ки онҳо аз иқдоми зиддитеррористии ин кишвар ва нобуд сохтани “Толибон” хушбин ҳастанд ва итминон доранд, ки ИМА баъд аз хатми амалиёти зиддитеррористӣ минтақаро тарк мекунад. Мутаассифона, гурӯҳҳои террористии “Толибон” на танҳо нобуд нашуданд, балки солҳои охир, ҳатто дар вилоятҳои шимоли Афғонистон, ки бо ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамсарҳаданд, нуфузи бештар пайдо карданд. Дар натиҷа “Толибон” шаҳри Қундузро дар муддати даҳ рӯз комилан ишғол намуда, имрӯзҳо дар ноҳияҳои ҳамсарҳад бо Тоҷикистон ва Туркманистон омодагии ҷангӣ мегиранд. Бинобар зиёд шудани хатари терроризм ва экстремизм кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки бештари онҳо узви Созмони ҳамкории Шанхай низ мебошанд, дар ҷаласаи муҳими худ дар шаҳри Душанбе тасмим гирифтанд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими марзаш бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамаҷониба кумак хоҳанд намуд.

       Аммо узвияти фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба кишварамон имкон хоҳад дод, ки аз ин буҳрони шадиди иқтисодии ҷаҳонӣ бо камтарин зарар берун равад.

      Сабабҳои муваф-фақияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амри мубориза бо терроризм ва экстремизмро метавон чунин шарҳ дод:

       Имрӯз, омӯзгорон ва падару модарон вазифадор мебошанд, ки диққати наврасону ҷавононро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, онҳоро дар руҳияи донишомӯзиву хештаншиносӣ, меҳанпарастиву ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия намоянд, чунки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст ва қувваи асосии зиндаи онро ҷавонон ва наврасони дур аз таълим ташкил медиҳад. Ҷомеаи шаҳрвандиро мебояд дар муқобили ғояҳои терроризм ғояҳои инсондӯстӣ гузошта, ба муқобили он мубориза бурда, истодагарӣ намоянд. Асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди терроризмро дар давлати мо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунгузорӣ ташкил медиҳад ва мақсади он пеш аз ҳама, риоя кардан ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд мебошад.

     Ҳамин тавр, наврасону ҷавонон хирадро пеш гиранд, донишу илм андӯзанд, аз тақлидҳои кӯр-кӯронаи фарҳанги бегона дур бошанд, дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд, хатман барои Ватану миллат хизмати садоқатмандона намоянд.

Муовини Раиси Суди

иқтисодии шаҳри Душанбе:  Гулзода С.С.