Суди иқтисодии шаҳри Душанбе. Суроға: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 14А, Рақами боварӣ: +992 37 222 20 84

5-октябр рӯзи забони давлатӣ

Забони давлатӣ яке аз унсурҳои асосии давлатдории миллӣ аст, ки дар пойдорӣ ва суботи давлатӣ миллӣ мақому нақши муҳим дорад. Дар Тоҷикистон забони миллат ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эътироф шудааст. Аз ин рӯ бояд аз он пуштибонӣ намуд ва барои погизагии он талош варзид. Чунин мавқеъро, пеш ах ҳама, пешвои миллат содиқонаву пайгирона пеш гирифтаанд.

Аз ҷумла, дар асари мондагори худ “Забони миллат-ҳастии миллат” аз таърихи забони тоҷикӣ ёдовар шудаанд, ки он арзиши баланди илмиву маънавӣ дошта, метавонад дар арсаи байналмилалӣ муаррифи забони тоҷикӣ бошад.    

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби дуюми “Забони миллат-ҳастии миллат” бо номи “Забон ва Замон” баён доштаанд, “барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад. Аз ин рӯ ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шаккарну дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиямро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям”

Бояд гуфт, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллии забониро аз вазифаю ҳадафҳои асосии худ барои насли имрӯзу фардои ҷомеа ҳисобида, моро вазифадор менамояд, ки барои рушду густариши забони давлатиамон чи дар дохил ва чи дар хориҷи мамлакат камари ҳиммат бандем. Ҳамзамон иқдоми марбут ба ин масъаларо мунтазам байни тамоми қишрҳои ҷомеа амалӣ сохта, ба роҳ монем. Зеро забони мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонии миллати мо аст.

Котиби маҷлиси судӣ:     Сафарова Д.С.