Суди иқтисодии шаҳри Душанбе. Суроға: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 14А, Рақами боварӣ: +992 37 222 20 84

26 ОКТЯБР – РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ

Мақомоти суди дар байни мақомотҳои давлатӣ яке аз  мақомоти мӯътабар буда, адолати судиро дар кишвар амалӣ менамояд ва ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Ин вазифаҳои суд хеле муҳиму муракаб ва дар навбати худ муқаддасу муқаддам буда, бо назардошти принсипҳои демократию ҳуқуқбунёдӣ ва дунявии кишвар, инчунин дар асоси меъёрҳои муқараргадидаи қонунгузори ҷорӣ ва меъёрҳои он санадҳои байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф гардидаанд, бо роҳи баррасии парвандаҳои конститутсионӣ, гражданӣ, ҷиноятӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурӣ аз тарафи мақомоти судӣ амалӣ карда мешавад.

 Президенти ҷумҳурӣ ва ҳукумати мамлакат бо назардошти нақши бузург доштани фаъолияти мақомоти судӣ дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва муҳофизати ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон дар тамоми давраи истиқлолияти давлатии ҷумҳури  ба фаъолияти мақомоти судӣ диққати махсус  медиҳанд.

Баъди соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон дар тамоми соҳаҳои иқтисодии кишвар тағйиротҳои кулли ва дигаргуниҳои назарас ба амал омада, бо баробари дигар соҳаҳо, дар соҳаи иқтисодӣ низ ба дастовардҳои беназир ноил гардидем.

Ҳамин аст, ки ҳангоми  ба амал омадани тағйиротҳои кулли дар соҳаҳои иқтисодӣ ва доман паҳн кардани муносибатҳои иқтисодӣ дар ҷамеъа зарурият ба амал омад, ки Судҳои иқтисодӣ ҳамчун низоми алоҳидаи ҳокимияти судии ҷумҳури баҳри ба амал баровардани адолати судӣ оид ба парвандаҳои иқтисодӣ ва равона шудааст, таъсис дода шавад. Ва баъдан санаи 4 ноябри соли 1995 Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми алоҳидаи ҳокимияти судии ҷумҳури таъсис ёфт. Баъди таъсис ёфтани Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зарурияти қабул намудани 2 санади нав: Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Судҳои иқтисодӣ”-и  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабул намудани Кодекси мурофиаи  иҷтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оварда расонид, ки асоси ҳуқуқии системаи сохтори судӣ ва мурофиавии судии Судҳои иқтисоди гаштанд.

Яке аз унсурҳои муҳимӣ ҷомеаи демократӣ мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ва амалисозандаи адолати судӣ мебошад.

Фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амали намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали норавост.

Лозим ва ёдоварист, ки дар айни замон Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ҳамчун дастоварти замони истиқлолият яке аз муасисаҳои бошукӯҳ ва воломақоми ҷумҳури ба ҳисоб рафта, Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз руи Конститутсия ва қонунҳо амал намуда, баҳри ба амал баровардани  адолати судӣ, ҳуқуқ озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, таъмини ҳамаҷонибаи қонунияту адолат ва баҳри боз ҳам  устувору мустаҳкам гардонидани  ҳаёти  иқтисодии кишвар, таъмини волоияти қонун дар соҳаи  иқтисоди ҳамчун бахши муҳими иқтисод ва ба ин васила баҳри рушди иқтидори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон гулгун шукуфои ва пешрафти кишвари азизамон саҳми беназири худро гузошта истодаанд.

  Котиби маҷлиси судӣ:   Қодиров Ҷ.