Суди иқтисодии шаҳри Душанбе. Суроға: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 14А, Рақами боварӣ: +992 37 222 20 84

ЗАБОН ҲАСТИИ МИЛЛАТ

 

Забони модарӣ яке аз нишонаҳои аввалини мансубияти этикӣ ва миллии ҳар шахс маҳсуб мешавад. Яке аз вазифаҳои забон ин аст, ки шахсро бо ниёгонаш пайванд мекунад ва маҳсули маънавии ӯ асоси худшиносии миллӣ мегардад. Забони модарӣ лафзи ширину муқаддас барои ҳар як инсон аст.

Имрӯз ҳамин забон илҳомбахши фаъолияти ҳаррӯзаи мо буда, бунёдкориву созандагиҳои мардумамон дар ин забон таҷассум меёбанд ва ба оламиён муаррифӣ мешавем, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд. Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам маҳсуб ёфта, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба як китоби дигари таърих сабт мекунад. Адибону донишмандони оламшумур ба  мисоли устодон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Шайх Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигар бузургонамон асарҳои безавол ва ҷовидонаву орифонаи худро ба забони ноби тоҷикӣ эҷод карда, шуҳрати ин забонро боз ҳам афзунтар кардаанд. Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи арзишҳои таърихии ниёгонамон ба ҳисоб меравад, ки Рӯдакиву Ҷомӣ, Румиву Саъдӣ, Айниву Турсунзода ва садҳо ҳазор нобиғагони дигари таърих ба ин шеваи зебо сухан гуфтаву шеърҳо эҷод намуда, садҳо достонҳо навиштаанд. Забон ин таъминкунандаи ҳастии давлат, ифодакунандаи рамзи миллат ва воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон ба шумор меравад. Таърих гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ то ба ин давра чандин тазодҳо ва пайраҳаҳоро тай намуд ва то ба имрӯз солим омада расид. Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.

Солҳои бистуми асри гузашта, яъне дар шароити барои халқи тоҷик ва забони модарии он басо ҳассосу тақдирсоз забони мо расман номи «забони тоҷикӣ» – ро соҳиб шуд ва яке аз далелҳои ҷиддии ташкил ёфтани давлати миллиамон гардид.Халқи тоҷик забони худро ниҳоят дӯст медорад ба он  ҳамеша арҷ мегузорад. Бояд қайд намуд, ки новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён ин забон завол наёфта, баръакс асолати таърихии худро нигоҳ дошт. Маҳз тавассути ҳамин забон халқи тоҷик ҳастии худро ҳифз намуд.  

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу беназир аст. Маҳз бо шарофати ин марди хирадманду дурандеш силсилаи қонуну қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки онҳо мақому манзалати забони тоҷикиро хело боло бардоштанд. Дар яке аз суханрониҳои худ, Сарвари давлат иброз намуданд, ки: «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд.» Пуштибонӣ аз забон ва поку беолоиш нигоҳ доштани он на танҳо вазифаи миллату давлат, балки вазифаи муқаддаси ҳар як фарди хирадманд ва худогоҳи тоҷик мебошад.

        Боиси сарфарозист, ки ҳамасола 5-уми октябр дар ҷумҳурии маҳбуби мо Тоҷикистон   Рӯзи забони давлатии бо ифтихору сарбаландӣ таҷлил мегардад. Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикиро ҳамчун муқаддасоти давлатӣ эълон намуда, онро чун дастоварди таърихӣ ҳифз менамояд.

Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунан

Котиби маҷлиси судӣ:    Қодиров Ҷ.