24 октябри соли 2024 дар Суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо иштироки Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Комилӣ Ф. оғоз намуда кормандонро ба муносибати таҷлили иди касбии кормандони ҳокимияти судӣ муборакбод намуда, вобаста ба таърихи таҷлили рузи кормндони ҳокимияти судӣ дар санаи 26 октябр ва аҳамияти таърихии ин сана, ҳамчунин доир ба пайдоиш ва ташаккули низоми судҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуданд.
Қайд гардид, ки нақш ва мақоми ҳокимияти судӣ дар идоракунии давлатӣ аҳмияти муҳимро доро мебошад. Вобаста ба ин, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад, зеро ҳокимияти судӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳо амал карда, ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд”. Судҳои иқтисодӣ меваи даврони истиқлолият мебошад, ки дар давраҳои муайяни таърихӣ инкишофи худро ёфтааст.
Инчунин дар идома аз ҷониби судяҳои судҳои иқтисодӣ ва кормандони дастгоҳ дар мавзуъҳои гуногун вобаста ба Иди касбӣ баромад намуда мубодилаи афкор доир карданд.