Тибқи муқаррароти Конститутсия воҳидҳои сохтории давлатӣ, низоми судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳамчун ниҳодҳои таркибии низоми давлатдорӣ такмил ёфта, самтҳои фаъолияташон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Конститутсияи кишвар мутобиқ карда шуданд. Пас аз қабули Конститутсия ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни муҳимми сохтори ҳокимияти давлатӣ ба марҳалаи нави таърихӣ ворид гардид ва дар мақоми ниҳоди татбиқкунандаи адолати судӣ ташаккул ёфт. Бар асоси ин, бори нахуст дар низоми судии кишвар ниҳодҳои мустақили судӣ – Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис дода шуданд. Дар низоми судии кишвар ислоҳоти ҷиддӣ ба амал омад. Мутобиқи арзишҳои ҷомеаи демократӣ ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақил ва алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шуда, фаъолияти он ба ниёзҳои замон ва асноди байналмилалӣ ҳамоҳанг гардид. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави инкишофи таърихӣ – бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Имконияти таҳкими минбаъда ва воқеан демократии ҳокимияти судии Тоҷикистон баъд аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омад. 10 марти соли 1992 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳо «Дар бораи додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тартиби ҳалли баҳсҳои хоҷагӣ дар додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуданд, ки дар онҳо ғайр аз равшан намудани масъалаҳои вобаста ба вазифаҳо, мақому фаъолияти додгоҳҳои ҳакамӣ ва тартиби ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ инъикоси худро ёфтанд. Дар ҳамин радиф амалӣ гардонидани адолати судӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 бо Қарори Раёсати Маҷлиси Олӣ Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи июни соли 1994 судҳои ҳарбии гарнизонҳо таъсис дода шуданд, ки ин як комёбии назаррас дар низоми судӣ буд, зеро то қабули Конститутсия дар кишвар танҳо судҳои умумӣ амал мекарданд. Маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва қабули Конститутсияи кишвар имрӯз Тоҷикистон соҳиби ҳокимияти судии мустақил ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ буда, ба инкишофу таҳкими институтҳои демократӣ, ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ноил гардидааст. Мутобиқи талаботи қонунгузорӣ хусусияти хоси адолати судӣ, ба мисли мустақилият ва аз ҷониби судҳо беғаразона баррасӣ намудани парвандаҳо, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат кардани онҳо, риояи услубҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳамаи иштирокчиёни мурофиа дар назди қонун ва суд, дар асоси мубоҳиса сурат гирифтани мурофиаи судӣ кафили муҳимми таҳкими қонунияту адолат ва рушди демократии давлату ҷомеа ба шумор меравад. Бо мақсади такмил додани заминаи ҳуқуқии кишвар бо қабули Конститутсия ба ислоҳоти ҳуқуқӣ суръати тоза бахшида шуда, бо давра ба давра амалӣ гардидани ин ислоҳот як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқие ба тасвиб расиданд, ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи давлати демокративу ҳуқуқбунёд нигаронида шудаанд.
Ба қатори онҳо метавон қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои гражданӣ, оила, меҳнат, ҷиноятӣ, мурофиавии гражданӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо «Дар бораи авф», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ғайраро ном бурд. Дар натиҷаи таҳкими ваҳдату субот ва ризоияти миллӣ, тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи кишвар се маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардида, тавассути онҳо низоми судиву ҳуқуқӣ такмил дода шуда, ба тақвияти принсипи мустақилияти судҳо, таъминоти моддиву молиявӣ ва техникии онҳо, хоста гирифтан ва тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз-судя, такмили ихтисоси онҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо мусоидат намуд. Дар заминаи ислоҳоти конститутсионии солҳои 1999 ва 2003 низоми ҳокимияти қонунгузор такмил дода шуда, зимни он мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар иборат аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфта, ҳамзамон бо ин, дар асоси ин ислоҳот фаъолияти ҳокимияти иҷроия ва судӣ такмил дода шуд ва муҳлати ваколати судяҳо даҳ сол муқаррар гардид. Дар ҳамин радиф ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни муҳим ва зарурии сохтори ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ гардида, ниҳодҳои баамалбарории адолати судӣ аз ҷиҳати тарзи ташкиливу сифатӣ ва миқдорӣ инкишоф ёфт ва бори аввал дар низоми судии мамлакат Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ арзи вуҷуд намуда, инчунин синни ниҳоии ба вазифаи судягӣ интихоб ё таъин гардидан аз 60 ба 65 сол тағйир дода шуд. Бо мақсади аз салоҳияти ҳокимияти иҷроия, яъне аз тобеияти Вазорати адлия баровардани масъалаҳои ташкилии ҳокимияти судӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1999 таҳти №48 Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҳалли масоили мазкур ба уҳдаи ин сохтори навтаъсиси коллегиалӣ вогузор гардид. Ҳамчунин барои мунтазам такмил додани ихтисос ва баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо, коромӯз-судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо дар назди Шӯрои адлия Маркази таълимии судяҳо ташкил карда шуд. Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти ҳокимияти судӣ ва ислоҳоти конститутсионии 22 майи соли 2016 баргузоршуда дар қатори дигар тағйиру иловаҳо ба Конститутсия Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуда, ҳаллу фасли масъалаҳои вобаста ба ташкили фаъолияти судҳо, таъмини моддиву техникии онҳо, тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судягӣ, такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, инчунин, пешбарии номзадҳо ба вазифаи судягӣ ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор карда шуд. Дар роҳи рушду таҳкими ҳокимияти судӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят калон мебошад.
Аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар дар бобати таҳким бахшидан ба фаъолияти ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар иҷрои вазифаҳои конститутсионии худ, такмил ва тақвияти сохтори судӣ, беҳдошти вазъи моддиву ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин, мукаммал намудани қонунҳо тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардида, дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2006 ва бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат Барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ таҳия ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, №271 тасдиқ гардид. Яке аз падидаҳои муҳимми демократие, ки дар конститутсияи аксари давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дарҷ гардидааст ва дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инъикос ёфтааст, ғояи таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ маҳсуб меёбад, яъне барои аз ҷониби тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мустақилона, бидуни дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ба амал баровардани салоҳияти худ кафолати қонунӣ муқаррар шудааст.
Котиби маҷлиси судӣ: Исматов М.Х.