Суди иқтисодии шаҳри Душанбе. Суроға: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 14А, Рақами боварӣ: +992 37 222 20 84

КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҚОНУНИЯТ ВА ТАРТИБОТИ ҲУҚУҚӢ

Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлол ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Албатта, сабаби ба вуҷуд омадани ин рӯйдоди бузурги таърихӣ тақозои замон, пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон аст.
Конститутсия ҳамчун санади асосӣ ва муҳимтарини ҳаёти давлату ҷомеа дар пешрафти минбаъдаи кишвар асоси устувори ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда, бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодӣ, фаъолияти муътадили сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро кафолат медиҳад.

Ин санади олии ҳуқуқӣ, воқеан ҳам мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар шаҳрванди мамлакат маҳсуб мешавад.

Конститутсия ба таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд асос гузошта, бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардид.

Бо қабули Конститутсия миллати тоҷик ба марҳилаи сифатан нави таърихии инкишофи худ ворид шуд ва дар ҷомеаи навин дигаргуниҳои куллии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ, ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва судӣ-ҳуқуқӣ оғоз гардиданд.

Ҳокимияти судӣ рукни муҳим ва зарурии сохтори ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ гардида, принсипи конститутсионии мустақилияти судяҳо чун яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд барои таъмини фаъолияти суди босалоҳият, мустақил ва беғараз дар Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда мавқеи хосса пайдо намуд. Бешубҳа, ин санади олии ҳуқуқӣ дастоварди истиқлолият ва сутуни асосии таҳкимбахшандаи он буда, рӯзи қабули он ҳамчун яке аз санаҳои таърихӣ дар саҳифаҳои китоби давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт шуд.

Дар муддати 30 сол ба мо муяссар гашт, ки як силсила меъёрҳои усулии низоми демократӣ, аз ҷумла асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, принсипи гуногунфикрии сиёсӣ, фаъолияти парлумони касбӣ, бунёдҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди қонун, баробарии ҳуқуқи зану мард ва ғайраро дар сатҳи Конститутсияи кишвар асоси устувори қонунӣ бахшем. Тавре Конститутсияи кишвар муайян кардааст, дар Тоҷикистон ҳаёти сиёсӣ дар асоси гуногунфикрӣ ҷараён гирифта, шаҳрвандон метавонанд дар заминаи мавқеи сиёсӣ ва фикрии худ ташкилоти ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ таъсис намоянд.

Чӣ тавре ки олими рус В.Е. Чиркин қайд намудааст: «Барои он ки Конститутсия амал кунад, дар вай бояд шароити воқеии давлат, сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, иродаи халқ барои таҳкими асосҳои демократӣ ва баамалбарории ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ ва ба ин монанд дигар омилҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба инобат гирифта шаванд».

Бо шарофати қабули Конститутсия Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, халқи Тоҷикистон чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохта шуд. Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ созад. Бинобар ин, вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиро тақвият бахшем, сулҳу ваҳдати миллӣ, озодӣ, оромию осудагӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азизамонро, ки маҳз бо шарофати хизматҳои шоиставу беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайваст кард, қадр кунем ва дар асоси ин санад дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем.

Умед ва боварӣ дорем, ки ин санади муқаддас ва тақдирсоз ҳамчун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷик ва мардуми онро садсолаҳо мунаввар хоҳад кард.

Муовини Раиси Суди

иқтисодии шаҳри Душанбе:     Гулзода С.С.