Суди иқтисодии шаҳри Душанбе. Суроға: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 14А, Рақами боварӣ: +992 37 222 20 84

6-ноябр Рузи конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зери мафҳуми “конститутсия” дар илми ҳуқуқшиносӣ одатан Қонуни асосии давлат фаҳмида мешавад, ки дар он мувофиқи иродаю манфиати қувваҳои сиёсии дар ҷамъият ҳукмрон асосҳои сохтори марзӣ – давлатӣ ва ҷамъиятӣ муқаррар карда шудааст. Агар аз ҷиҳати луғавӣ бигирем, конститутсия аз калимаи лотинӣ «constitutio» гирифта шуда, маънояш “муқарраркунӣ”, “сохтор” мебошад. Мафҳуми конститутсия дар вақти ба амал омадани инқилобҳои буржуазӣ ба миён омадааст. Конститутсия ҳуҷҷати таърихӣ ва сиёсӣ-ҳуқуқӣ буда, танзимкунандаи муносибатҳои муҳимми давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ мазмуни ба худ хос дорад. Одатан, дар он шакли ҳуқуқии масъалаҳои муҳимтарини ба соҳибихтиёри давлат, шакли он, ба ҳокимияти давлатӣ, сохтори давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, шаклҳои моликият алоқаманд, муқаррар карда мешаванд. Меъёрҳои конститутсионӣ барои фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон, хориҷиён ва шахсони шаҳрвандӣ надошта, ки дар Тоҷикистон истиқомат доранд, асос мебошанд. Меъёрҳои конститутсионӣ бисёр вақт усулҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлат, аз ҷумла, сиёсати хориҷиро низ муқаррар менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки Конститутсия ҳуҷҷати одӣ набуда, ҳуҷҷати муҳимми созишиест, ки дар он манфиати тарафҳо ба қадри зарурӣ инъикос ёфтааст. Тағйирёбии манфиати қувваҳои дар ҳокимиятдорӣ иштирок дошта вобаста ба мавқеи онҳо дар таркиби ҷамъият, ба тағйирёбӣ ва ба дигаргуншавии конститутсия сабаб мегардад. Яъне нафақат пайдоиш, балки мавҷудият ва инкишофи Конститутсия низ ба созиши қувваҳои иҷтимоӣ-сиёсии ҷамъият алоқаманд аст. Устувории Конститутсия бо пойдории муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ, динӣ ва ғайра, ки дар марҳалаи муайян дар ҷамъият амал мекунанд, вобаста аст. Мавқеи Конститутсия дар муайян ва равон кардани мазмуни қонунҳои сершумор ва санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон бо роҳи татбиқи асосҳо ва заминаҳои муқарраргардида хеле калон аст. Аз ин рӯ, Конститутсия ва ҳолату меъёрҳои он дар ташаккулёбии низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистондар пойдор гардидан ва камолоти давлатдорӣ дар Тоҷикистон аҳамияти муайянкунанда дорад.

Дар давлате, ки Конститутсия мавқеи устувори шикастнопазирӣ дорад, ин мустаҳкамии истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллиро ифода менамояд. Конститутсия яке аз ҳуҷҷатҳои сиёсӣ ба ҳисоб рафта таъсири муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Конститутсия қонуни асосии давлат буда, принсипҳои ҳуқуқиро муаян мекунад.

Пайдоиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташакули давлати тоҷикон буда, панҷ давраро дар бар мегирад. Якум давра соли 1929, дуюм соли 1931, сеюм соли 1937, чорум соли 1978, панҷум бошад 6-уми ноябри соли 1994 тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида қувваи қонунӣ гирифт. Ҳамин тариқ мардуми куҳанбунёди тоҷик Конститутсияи худро қабул намуда ва ҳуқуқи озодиҳои инсонро муқаддас шумурданд. Конститутсияи маскур дорои 10 бобу 100 модда мебошад. Инчунин дар он то ин вақт 3 маротиба тағиру иловаҳо солҳои 1999, 2003, 2016 ворид карда шудааст. Конститутсияе ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид гувоҳи соҳибихтиёри, демократи, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани миллату давлати тоҷик мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда барои ҳар як шаҳрванд беҳтарин шароити зиндагӣ фароҳам меоварад. Мо халқи тоҷик аз он меболем ки дорои Конститутсияи худ ҳастем ва ба тариқи он ҳуқуқи ӯҳдадориҳои худро риоя намуда орому осуда умр ба сар мебарем.

Судяи Суди иқтисодии  шаҳри Душанбе:      Нурализода О.Б.