Суди иқтисодии шаҳри Душанбе. Суроға: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 14А, Рақами боварӣ: +992 37 222 20 84

6-уми ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар кишвари соҳибистиқлоламон 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи давлатдорӣ ва мутантан таҷлил карда мешавад. Зеро қонуни асосии кишвари мо кафили амнияти ҳар як сокини мамлакат маҳсуб ёфта, он инсонҳоро тимсоли шаҳкитоби раҳнамоест, ки бо қутбҳои он ба сӯйи ояндаи дурахшон раҳсипар менамояд.

Бояд қайд кард, ки бо истифода аз ин санади муқаддас ва тақдирсоз, ки ҳамчун шаҳодатномаи миллат шинохта шудааст, тамоми сохторҳои ҳокимият фаъолияти худро пеш мебаранд. Маҳз ҳамин қонун аст, ки озодии шаҳрвандон, ҳуқуқи таҳсил дар мактаб ва донишкадаҳои олиро  ҳимоя менамояд.

Конститутсияи давлати тоҷикон яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон шинохта шуда, он ҳамчун бахтномаи миллат ва шоҳсутуни давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Пояи Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар асоси ормонҳои миллӣ ва мардумии халқи мо бино ёфтааст. Ин санади муҳимми тақдирсоз  давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба сӯйи комёбиҳои бузург раҳнамоӣ мекунад. Дар давоми 27 соли баъди қабули Конститутсия ҷумҳурии соҳибистиқлоламон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва кулли  паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ як қатор пешравиҳои бузург ба даст овард. Минҷумла фароҳам омадани фазои осоиштаву босубот, таъмини сартосарии сулҳу ваҳдати миллӣ, барқарор намудани муносибатҳои судбахши байналмилалӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рисолати таърихии ин санади  бебаҳои сарнавиштсоз ва олии ҳуқуқӣ маншаъ мегирад. Зеро Конститутсияи амалкунандаи кишварамон кафили сулҳ, якпорчагӣ, Ваҳдати миллӣ ва пойдориву таҷассумгари давлату давлатдории мо, барномаи амал ва зиндагии шоиставу раҳнамои ояндаи дурахшони мардуми тоҷик аст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади меъёриву ҳуқуқӣ буда, эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва арзиши олии миллату давлат ҳисобида мешавад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода шуда, дар моддаи 5-уми он омадааст, ки “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.

Лозим ба тазаккур аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тимсоли шиносномаи давлату миллат маҳсуб ёфта, дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: ”Бузургӣ  ва аҳаммияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст”.

Конститутсия аслан ҳуҷҷати таърихӣ маҳсуб меёбад. Гарчӣ давлат чандин ҳазорсолаҳо вуҷуд дошта бошад ҳам, вале Конститутсия дар шакл ва мазмуни ҳозираи худ ҳамагӣ зиёда аз дусад сол боз амал мекунад. Тавре, ки аз таърих медонем истилоҳи конститутсия ҳанӯз дар Рими қадим маъмул гардида буд. Аммо он замонҳо баъзан аз санадҳои муҳиммтарини шоҳон, ки муносибатҳои ба сохтори марзӣ-давлатӣ марбутаро ба танзим медароварданд, чунин номида мешуданд. Бинобар ин дар як вақт чандин  конститутсияҳои мухталиф амал мекарданд. Ҳамзамон дар бархе аз мамолики Аврупо дар асрҳои миёна низ мавҷудият доштанд. Аммо дар шакл ва мазмуни муосири худ бошад Конститутсия  дар натиҷаи ғалабаи инқилоби буржуазӣ-демократӣ ва ба сари ҳокимияти давлатӣ омадани синфи нави буржуазӣ пайдо гардид.

Феълан дар замони муосир Конститутсия сарчашмаи асосии ҳуқуқи инсон ба ҳисоб рафта, тамоми меъёрҳои ҳуқуқии дохили давлатӣ, ки ба ҳуқуқу озодии инсон мутааллиқанд, дар асоси он қабул карда мешаванд. Халқи Тоҷикистон тибқи дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта, садоқатмандиашро ба арзишҳои ҳуқуқи башар пайваста изҳор намудааст. Ҳамин тариқ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти ҳуқуқ, таҷзияи ҳокимият, фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, ки дар Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол дарҷ гардидаанд, аз ҷумлаи арзишҳои умумибашарӣ маҳсуб меёбанд.

  Котиби маҷлиси судӣ: Исмоилов И.Ш.