Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Санаи 13.11.2024 сол дар бинои Суди иқтисодии шаҳри Душанбе бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.Дар чорабинии мазкур Раиси Суд муҳтарам Комилӣ Ф., судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Чорабинии мазкурро Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муҳтарам Комилӣ Ф. оғоз намуда, кайд намуданд, ки рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.Дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама, ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд». Инчунин дар идома муовини раис Гулзода С.С. Судя Ҳотамзода Ш.С. ва кормандони дастгоҳи Суд Қодиров Ҷ.Р. ва Сафарова Д.С. баромад намуданд.