Суди иқтисодии шаҳри Душанбе. Суроға: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 14А, Рақами боварӣ: +992 37 222 20 84

Конститутсия – санади тақдирсози миллат

Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик, санаи тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Асосан Конститутсия як китоби начандон калон аст, аммо дар он мундариҷа ва моҳияти тамоми соҳаҳои зиндагӣ, инкишофи давлату давлатдорӣ, шакли идоракуни, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҷзияи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳалли бевосита дарҷ шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри 1994  Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст. Ва ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шуд, аввалин маротиба 26 сентябри соли 1999, дуюм маротиба  22 июни соли 2003 ва  сеюм маротиба 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шудаанд, ки минбаъда ҷиҳати гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҷомеа замина гузоштанд.

Сохтори Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон аз девоча, 10 боб ва 100 модда иборат мебошад.

Боби якум  АСОСҲОИ СОХТОРИ КОНСТИТУТСИОНӢ 1 то 13

Боби дуюм ҲУҚУҚ, ОЗОДӢ, ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД 14 то 47

Боби сеюм МАҶЛИСИ ОЛӢ 48 то 63

Боби чаҳорум ПРЕЗИДЕНТ 64 то 72

Боби панҷум ҲУКУМАТ 73 то 75

Боби шашум МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ХУДИДОРАКУНӢ 76 то 80

Боби ҳафтум ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН 81 то 83

Боби ҳаштум Суд 84 то 92

Боби нуҳум ПРОКУРАТУРА 93 то 97

Боби даҳум ТАРТИБИ ТАҒЙИРИ КОНСТИТУТСИЯ 98 то 100

Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурӣ Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳарчи зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «тавре борҳо таъкид карда будам, мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд».

Инчунин, Президенти мамлакат дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».

Аз ҷониби дигар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки риояи ҳама талаботи ин санад ҳатмӣ аст, яъне шаҳрвандон дар ҳама ҳолат бояд талаботи конститутсияро риоя кунанд. Дар вақти риоя накардани талаботи конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян мешавад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оинҳо дар раванди пуртаззоди ҷаҳонишавӣ омили воқеии пойдорӣ ва таҳкими истиқлолият арзёбӣ шуд.

Котиби маҷлиси судӣ:  Қодиров Ҷ.Р.