Суди иқтисодии шаҳри Душанбе. Суроға: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 14А, Рақами боварӣ: +992 37 222 20 84

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз се даҳсолааст, ки бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ дар ҷодаи Истиқлолияти давлатӣ дар ҳалқаи кишварҳои мутамаддини ҷаҳон бо сарбаландиву шарофатмандӣ ва шоистагӣ қадам мезанад. Таърихи кунунии тоҷикон аз ҳар самте, ки ба он нигарем ва аз пойгоҳи ҳар масъалае, ки ба таҳти он руҷуъ намоем, бо касби беш аз се даҳсолаи Истиқлолияти мамлакат пайванд мегирад. Истиқлолият сарманшаи ҷаҳони имрӯзаи миллати тоҷик аст, ки дар ниҳоди худ ҳадафҳои олии миллиро таҷҷасум кардааст. Вале бояд гуфт, ки дар давраҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар, миллати тоҷик ҳануз шаҳди истиқлолиятро начашида буд, ки душманонаш ҷанги таҳмилии аз берун идорашавандаро басараш бор намуданд. Ёдовар мешавем, ки бар асари нооромиҳо пойяҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида, ҳазорон нафар шаҳрвандон манзилҳои худро тарк намуда, барои ҳимояи ҷони худу фарзандонашон ба кишварҳои ҳамсоя, махсусан Афғонистон ҳамчун гуреза паногоҳ ҷустанд. Умуман кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҳар лаҳза нестшавӣ таҳдид мекард ва дар як марҳилаи ҳассоси таърихӣ қарор дошт.

Ба қавли коршиносону таҳлилгарон бар асари ин ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ пойяҳои сохти давлату давлатдориро фалаҷ гардонида, ҳаёти ҳазорҳо одамони бегуноҳро аз байн бурд ва ҳато нестшавии давлати тозаистиқлол аз эҳтимол дур набуд. Дар он лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ барои миллати тоҷик нафаре лозим буд, ки мардумро мутаҳид созаду кишварро сарҷамъ. Хушбахтона дар он лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ нури саодат болои сари мардуми ранҷдидаи тоҷик дурахшида, ақли солим ғалаба кард.

Абармардони миллат роҳҳои хомуш намудани ҷанги шаҳрвандиро ҷустуҷӯ намуда, дар фикри сарҷамъии миллат ва утуворгардонии пойяҳои давлатдорӣ буданд. Бо вуҷуди оне, ки барои пойдори суботу амният талошҳо сурат мегирифт, аммо гуруҳои ҷиноятпеша бо роҳбарии хоҷакгони хориҷияшон ба кирдорҳои ғаразноку ҷинояткоронаи худ ба монанди қатлу ғорат, харобу валангор намудани иншоотҳои муҳими давлатӣ идома медоданд. Ҳато имкони ҷаласа баргузор намудани вакилони мардумӣ дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ва дигар ноҳияҳои гирду атрофи он вуҷуд надошт. Аз ин рӯ, зарур шуморида шуд, ки бодарназардошти нисбатан ором будани вазъият вохурии вакилони мардумӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор карда шавад.

Боиси хушнудист, ки санаи 16 уми ноябри 1992 Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба кори худ оғоз кард, ки яке аз рӯйдодҳои бузурги таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ба ҳисоб рафта, дар таърихи тоҷикон нақши барҷастае дорад. Зеро муҳимтарин рисолате, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намуд ин интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шурои Олии ҶТ буд. Аввалин суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳамчун раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он буд, ки «Ман ба Шумо сулҳ меорам», «Ҳастиямро барои миллатам мебахшам», «То охирин гурезае, ки ба Ватан барнагардад худамро орому осуда ҳис намекунам» садо дод ва яъсу ноумедиро аз қалби мардуми ранҷдидаи миллати тоҷик дур сохт ва ихлосу муҳаббат ба ояндаро дар дили мардум ба вуҷуд овард.

Зикр кардан ба маврид, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчуни роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз намуда, бо пусидани парчам тамоми қувваҳои даргирро баҳам оварда, барои саҳмгузорӣ дар таъмини оромию осоиштагӣ бо ёд намудани савганди ватандорӣ ҷонибҳоро мутаҳид намуд. Инчунин, Сарвари давлат барои хотима бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ фазои қонунгузориро ба миён гузошта, муайян намудани низоми давладорӣ, қабули қонуни асосӣ ва рамзҳои давлатӣ яке аз вазифаҳои асосӣ барои иштирокдорони Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки “Ман ҷонибдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам”.

Коршиносон раванди рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба се марҳила, давраи ҷангиву баъдиҷангӣ ва раванди рушди муосир ҷудо мекунанд, ки маҳз бо талошу заҳматҳои шабонарузи Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ба даст омадааст, арзёби мекунанд. Бояд гуфт, ки раванди дастёбии сулҳи тоҷикион аз замоне сарчашма мегирад, ки Сарвари давлат дар Иҷлосияи 16 уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имону эътиқод гуфта буд, ки «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгуншукуфии Ватанам садоқатмандона қасам мехурам.

Ҳамин тариқ роҳбари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон тасмимгирии худро барои ҳадафи қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, бозгардонии гурезагон, барқарор сохтани бозорҳову манзилҳои харобгашта, пешгири раванди таназули иқтисод ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба хотири рушди Тоҷикистон ба миён гузошта, барои бадаст овардани сулҳи воқеаи ва хомуш намудани ҷанги шаҳрванди дар ҳамин Иҷлосияи 16 уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули рамзҳои давлатӣ, махсусан қонуни асосиро муҳим ва зарурӣ дониста, шуруъ аз соли 1993 барои хомуш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва дастёбии сулҳ, музокираҳоро бо неруҳои мухолифин ба роҳ монд. Ниҳояд бо баргузори 8 даври музокира, ки даври охирини он 27 июни соли 1997 ум дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, «Мусолиҳаи миллӣ» ба даст омад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон яке аз бузургтарин мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории муҳтарм Эмомали Раҳмонаст, ки ҳам дар дохили давлат ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди омузиш қарор дорад.

Муҳимтарин рисолати Иҷлосияи 16 уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳамон лаҳзаҳои ҳаассоси таърихӣ анҷом дод, ин интихоби Эмомали Раҳмон ҳамчун раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Зуҳури Эмомали Раҳмон дурахши нодири миллати тоҷик ном бурда мешавад, ки бо ҳадафҳои миллии худ тавонист ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар хомуш намояд ва бо ҳадафи демократисозии ҷомеа ва бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона марҳилаи тозаи қонунгузориро дар кишвар асос гузошт. Дар саргаҳи ин ибтикорот, қабули Кониститутсияи нави мамлакат қарор дошт, ки ба тариқи райъпурсии умумихалқи қабул карда шуд ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кониститутсияи беҳтарини ҷаҳон шинохта шуд. Ҳамчунин пас аз «Мусолиҳаи миллӣ» барои беҳтар кардани ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву ичтимоӣ ва беҳтар кардани вазъи зиндагии мардум, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳадафҳои стратегии худро интихоб намуд ва дар доираи «Сиёсати дарҳои боз» ҳамкориҳои дустонаашро барои ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати амали намудани ҳадафҳои ба миёнгузошташуда ба роҳ монд.

Айёнаст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои заминиву фазоии худро бо тамоми кишварҳои ҷаҳонӣ махсусан бо кишварҳои Осиёи Миёна боз намуда, имрӯз ҳамчун як кишвари транзитӣ ва маркази равобити иқтисод ва савдо дар сатҳи минтақа табдил ёфтааст. Аз ҷониби дигар бунёди неругоҳои хурду бузург, фаъолияти садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ-саноатӣ, ҷудо ва тақсим намудани заминҳои корам ба деҳқонону кишоварзон ва рушди соҳаҳои энергетика ва саноат дар кишвар бозгуи расидан ба чор ҳадафи стратегист, ки дар саргаҳи ин ҳама мувафақиятҳо Пешвои миллат муҳтарм Эмомали Раҳмон меистад.

Имрӯз бо дарназардошти рушду пешрафти кишвар мебинем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳояшро бо тамоми созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ бароҳ монда, барои ҳалли нафақат масалаҳои худ, балқи дар ҳалли мушкилотҳои ҷаҳон саҳм мегирад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташабускор дар ҳалли мушкилотҳои обӣ, тағирёбии иқлим, ҳамчун кишвари мубориз барои маҳви терроризму ифротгароӣ ва таъмини сулҳу суббот дар Афғонистон мешиносад.

Дар ҷамъ метавон гуфт, ки дар заминаи талошу заҳматҳои абармардони миллат, бо гузашти 30 сол аз баргузори Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31 соли соҳибистиқлолӣ мебинем, ки мардуми шарифи кишвар ва ҳукумату давлат таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имконияту иқтидорҳои истифодашаванда ва дар фазои субботу амният қадамҳои устуворро гузошта, дар роҳи рушду пешрафт ва тарақиёти Тоҷикистони азиз пайваста талош меварзанд.

Судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе:  Ҳотамзода Ш.С.