Дар арафаи 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баландтарин бурҷи парчам дар ҷаҳон дар маркази пойтахти мо шаҳри Душанбе, дар канори чапи Қасри Миллат ифтитоҳ гардид. Ҳамин тавр парчами Тоҷикистон бо сутуни дорои баландии 165 метр ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд. Дарозии матои ин парчам 60 ва бари он 30 метр аст.
Парлумони Точикистон ҳануз соли 2009 санадеро ба имзо расонида буд, ки тибқи он ҳар сол 24-уми ноябр Рузи парчами миллӣ таҷлил мегардад.
Бояд қайд кард, ки Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории мо дар ҷаҳон аст, ки он бо ҳамин шакл дар ҷаласаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва қабул гардидааст. 24 ноябри соли 1992 дар шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Низомномаи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. 22 ноябри соли 1994 дар бораи даровардани илова ба Низомномаи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурои олӣ қонун қабул кард.
Ниёгони мо аз қадимулаём соҳиби парчам буданд, ки он бо номи диравш машҳур буд. Диравши давраи сосониён чор ранг дошт; сурх, сафед, сабз ва зард. Ҳар як ранг рамзи Хешро дошт. Паҳлавонони номӣ ба монанди Рустам, Гударз, Тус, Гев, Сиёвуш ва ғайраҳо дравши хешро доштанд. Тоҷикон дар тӯли асрҳо соҳиби парчамҳои гуногун буданд, вале дар хусуси парчамҳои давлати Сомонӣ ва давлатдориҳои дигари Ориёиҳо маълумоти дақиқ нест.
Ҳатто соли қабули парчами Аморати Бухороро аз ду ранг – сабзу сурх, моҳу ситора ва як навиштаҷоти заррин иборат буд ва дар канори чапи он рӯйи хатти сабз ҷумлаи «Султон сояи Аллоҳ дар рӯйи замин» ҳаккокӣ шуда буд. Соли 1921 парчами Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро қабул шуд, ки ҳамранги ҳамон парчами амирӣ буд. Танҳо ба ҷои навиштаҷоти «Султон сояи Аллоҳ дар рӯйи замин аст» чор ҳарф «БНСР» дар рӯй нақш гардид, ки мухаффафи «Бухарская Народная Советская Республика» аст. Пас аз се сол ранги парчам сурх шуд. Дар солхои 1924-1928 парчами Тоҷикистон саросар сурх буд. Фақат дар канори чапи он доси тоҷикиву болға, ситора, пахта ва навиштаҷоти нав ба хатти форсӣ – «Пролетарҳои ҳама ҷаҳон, ба ҳам оед» – ҷой гирифт. Аз соли 1953 то соли 1992 сохтори Тоҷикистон нисбатан сода буд, аз боло ва поён ранги сурх ва дар миёни ду хатти нисбатан борики сабз дошт. Дар гӯшаи чапи аз боло досу болға ва ситорача ҷойи худро ҳифз карданд. Имрӯз парчами миллии мо дар баландии 165 метр қомат афрохта бару дарозии он 60×30 метр мебошад. Соли 2011 ба китоби Гиннес дохил карда шуд. Шояд аввалин маротиба дар таърих тоҷикон парчам эҷод карда бошанд.
Дар эъломияи соҳибихтиёрии Тоҷикистон 24 августи соли 1991 бори нахуст зикр гардид, ки рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд. Дигар аз санадҳои муҳими кишвар, ки Парчамро рамзи давлатӣ эълон намуд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Котиби маҷлиси судӣ: Саидмуротов Т.З.