Суди иқтисодии шаҳри Душанбе. Суроға: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 14А, Рақами боварӣ: +992 37 222 20 84

КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД

Вақте ки сухан дар бораи конститутсия меравад, мо ҳатман ҳомӣ ва тарроҳӣ ин номаи бахту саодати миллат Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмонро пеши рӯ меоварем, зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи ҷомаи амал пӯшидани орзӯи деринаи миллати тоҷик дар роҳи расидан ба соҳибистиқлоли дар чорчубаи арзишҳои фарҳангӣ буда, маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Президенти мамлакати мо ба амал бароварда шуд.

Дар Конститутсия ҳар як вожа маъниеро аз воқеияти сарнавишти миллати тоҷик дар тӯли тарақии таърихи тайнамудаи он ифода мекунад. Воқеан Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқии эътибори баланди ҳуқуқӣ дошта, арзиши олии давлату миллат маҳсуб меёбад.

Конститусия тартиботи асосии ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа буда, аз ҷиҳати мазмуни худ қонуни асосии мамлакат мебошад. Он поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии кишвар буда, системаи принсипҳои асосии бунёди давлат дар боби аввалаш асосҳои сохтории он муқаррар шудааст.

Ногуфта намонад, ки тамоми корҳое, ки дар партави Конститусияи давлати соҳибистиқлоламон анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ,иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳакам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон анҷом дода шудаанд 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо, оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, муайян намуда, кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонид.

    Котиби маҷлиси судӣ:    Саидмуротов Т.З.