Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҳамасола мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” санаи 26 октябр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти судӣ таҷлил карда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеаро хеле муҳим арзёбӣ намуда, иброз намудаанд, ки “ҳокимияти судӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд”.
Вазифаҳои ҳокимияти судӣ ва таъмини адолат дар асоси принсипу меъёрҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқии тарафҳо дар ҷараёни баҳсу мунозира ва ба тарзи ошкоро гузаронидани мурофиаи судӣ сурат мегирад, ки ин меъёрҳои қонун кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.
Судяҳо дар фаъолоияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба кори онҳо манъ аст.
Конститутсия барои ҳама ҳифзи судиро кафолат додааст, яъне шахсони воқеъиву ҳуқуқӣ ва ташкилоту муассисаҳо ҳангоми халалдор шудани ҳуқуқу озодиҳояшон метавонанд бевосита ба суд муроҷиат намоянд ва суд дар асоси меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо бояд ҳуқуқу озодиҳои онҳоро ҳимоя кунад ва дар сурати вайрон шудани онҳо ҳуқуқу озодиҳои худро барқарор намоянд.
Боиси тазаккур аст, ки Президенти мамлакат ба нақши мақомоти судӣ ҷиҳати мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҳанӯз 14 -уми апрели соли 1997 Фармони Президенти Чумхурии Точикистон «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.
Дар ин раванд бо Фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз 23 -юми июни соли 2007, № 271 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардида, он дар такмили қонунҳои амалкунанда, қабули кодексу қонунҳои нав, ташкили сохторҳои нави судӣ ба монанди коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ, таъсис додани вазифаи коромӯз- судя, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои соҳавӣ ва дар таҳкиму тақвияти ҳокимияти судӣ нақши назаррас ба миён гузошт.
Давраи дигари инкишофи судҳои иқтисодӣ ба қабули «Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2013», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011, № 976 тасдиқ карда шудааст, рост меояд. Барномаҳои мазкур масъалаҳои таҳкими ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, ташкилоту муассисаҳоро ба хотири рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол пешбинӣ намудааст.
Дар Барномаи номбурда якчанд масъалаҳо оид ба судҳои иқтисодӣ низ инъикос ёфтанд.
Заминаи дигари ҳуқуқии инкишофи ҳокимияти судӣ ин қабули Барномаи дигари ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017 мебошад, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015, № 327 тасдиқ шудааст. Барномаи мазкур идомаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 таҳия гардидааст. Мақсади асосии Барномаи зикршуда ин таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, соддагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилотҳо, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии кишвар мебошад.
Идомаи инкишофи ҳокимияти судӣ ин қабули Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019, №1242 тасдиқ карда шудааст, ба шумор меравад. Мақсади асосии қабули Барномаи мазкур ин боз ҳам таҳким бахшидани ҳокимияти судӣ ва такмили қонунгузорӣ доир ба фаъолияти судҳо, хадамоти иҷро, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад.
Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 21 ноябри соли 2019 бо судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманд намуда, баҳри бартараф намудани тамоми норасогиву камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои дахлдор доданд. Чунончӣ, бо дастгирии Президенти мамлакат масъалаи зиёд кардани воҳидҳои корӣ дар дастгоҳи судҳои иқтисодӣ ҳал гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2020 таҳти №1511, сохтори дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ аз нав тасдиқ ва 15 адад воҳиди котибони маҷлиси судӣ ҷудо гардид, ки он яке аз чорабинҳо баҳри иҷроиши Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ ба шумор меравад.
Таъмини шароити мусоиди корӣ ва таъминоти моддиву техникии судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти давлат қарор дошта, мунтазам андозаи музди маоши судяҳо ва кормандони дастгоҳи судӣ зиёд карда шудаанд. Чунончӣ, агар дар соли 2003 ба ҳисоби миёна маоши судя маблағи 63 сомониро ташкил медод, дар соли 2010 бошад маблағи 1400 сомонӣ ва ин нишондиҳанда дар соли 2021 ба маблағи 3054 сомонӣ баробар карда шуд. Кормандони дастгоҳ бошад, масъалан маоши моҳонаи котиби маҷлиси судӣ дар соли 2004 – 17,5 сомонӣ буд, дар соли 2010 бошад маоши котибони маҷлиси судӣ 260 сомонӣ ва ин нишондод дар соли 2021 ба маблағи 924 сомонӣ баробар карда шуд.
Ҳолатҳои баёнгардида шаҳодати онанд, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ ва судяҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд.
Чорабиниҳои зикргардида аз мо тақоҳо мекунад, ки рисолати конститутсионии хешро мутобиқи талаботи қонунгузорӣ ва аз рӯи инсону адолат амалӣ намоем.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, бо самимияту эҳтиром тамоми кормандони мақомоти судии кишварро ба муносибати иди касбӣ – Рӯзи кормандони мақомоти судӣ самимона муборакбод гуфта, сиҳативу саломатӣ, умри дарози бобаракот, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти пурсамар баҳри амалӣ намудани адолати судиву иҷтимоӣ барору комёбиҳо орзумандам.
Котиби маҷлиси судӣ: Саидмуротов Т.З.