Баъди пош хӯрдани ИҶШС, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти хешро эълон намуда, ба давлати мустақил табдил ёфт. Гузашта аз ин, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки соҳибихтиёрии пурра ва воқеии Тоҷикистонро бояд қонунӣ мегардонд, ин қабули конститутсияи нави Тоҷикистон буд. Аз ин лиҳоз, масъалаи тайёр намудан ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Ҷараёни тайёр ва қабул кардани Конститутсияи ҳоло амалкунандаи Тоҷикистон якчанд марҳиларо дар бар мегирад. Совети Олии РСС Тоҷикистон 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистонро қабул намуд. Ҳангоми қабул намудани ин ҳуҷҷати муҳим Тоҷикистон ба ҳайати ИҶШС дохил мешуд. Қабули Эъломияи мазкур қадами аввалин оид ба тайёр намудани лоиҳаи нави Конститутсияи Тоҷикистон гардид. Дар иҷлосияи Совети Олии РСС Тоҷикистон моҳи августи соли 1990 комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд, ки он лоиҳаи Конститутсияи нави ҶШС Тоҷикистонро дар давоми як сол тайёр намуд. Аммо бетартибиҳои сиёсии августи соли 1991 ва пошхӯрии ИҶШС сабаби ба таъхир андохтан ва қабул нашудани ин лоиҳаи Конститутсия гардид. Эълон шудани Истиқлолияти Тоҷикистон боиси ба миён омадан, коркарди лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Аз ин рӯ, сеюми январи соли 1992 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати комиссияи конститутсионӣ тағйирот дароварда шуд. Баъдан бо Фармони Президенти ҳамонвақта Раҳмон Набиев 10 феврали соли 1992 гурӯҳи корӣ дар ҳайати нуҳ нафар таъсис ёфт. Гурӯҳи кории мазкур лоиҳаи нави Конститутсияро тайёр ва моҳи апрели соли 1992 ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 апрели соли 1992 лоиҳаи Конститутсияро маъқул дониста, онро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод кард. Аммо оғози ҷанги шаҳрвандӣ имконият надод, ки лоиҳаи Конститутсия аз тарафи халқ пурра муҳокима гардад. Бинобар ин, кор аз болои лоиҳаи Конститутсия қатъ гардид. Минбаъд масъалаи аз нав тайёр кардани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйир додани ҳайати комиссияи конститутсионӣ танҳо дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июни соли 1993 ба миён омад ва бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати комиссияи конститутсионӣ дар ин иҷлосия тағйир дода шуд ва раиси комиссияи конститутсионӣ Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов интихоб гардид. Аввалин маҷлиси комиссияи конститутсионӣ 4 сентябри соли 1993 барпо гардид, ки дар он ду гурӯҳи кории нав ташкил дода шуд. Моҳи апрели соли 1994 гурӯҳи корӣ ду шакли лоиҳаи Конститутсияро, ки яке аз он лоиҳаи конститутсия бо шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ, дигаре бо шакли идоракунии ҷумҳурии парлумонӣ буд, ба комиссияи конститутсионӣ пешниҳод намуд. Дар натиҷа, лоиҳаи Конститутсия бо шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ маъқул дониста шуд. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Конститутсия барои интишор ва муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуд. Ҳамин тариқа, лоиҳаи Конститутсия 21-22 апрели соли 1994 дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои расмӣ интишор гардид ва муҳокимаи он то моҳи июли соли 1994 давом кард. Дар Иҷлосияи нуздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21-22 июли соли 1994 баргузор шуд, лоиҳаи Конститутсия бо пешниҳоду таклифҳо муҳокима гардида, барои дар раъйпурсӣ 25 сентябр қабул гардиданаш қарори дахлдор ба тасвиб расид. Баъдан бо қарори Иҷлосияи 20 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 1994 муҳлати гузаронидани раъйпурсӣ то 6 ноябри соли 1994 тамдид карда шуд. Рӯзи 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ бахшида ба қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 94,4 фоиз шаҳрвандон иштирок намуданд, ки 87,59 фоизи онҳо ба тарафдории қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд. Ҳамзамон рӯзи 6 ноябри соли 1994 рӯзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ботантана қайд карда мешавад. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияи сифатан нав ва қабули он дар ҳаёти ҷумҳурӣ ҳақиқатан воқеаи таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Ин ҳуҷҷати бо роҳи демократӣ қабулшуда ба ҳисоб рафта, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мустаҳкам менамояд. Дар он шакли идоракунӣ, сохтори давлатӣ ва режими сиёсӣ муайян карда шуда, давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон мустаҳкам гардидааст. Хусусияти фарқкунандаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) инчунин дар он аст, ки он аввалин маротиба усули таҷзияи ҳокимиятро пешбинӣ карда, волоияти меъёрҳои қонуни асосӣ ва бартарияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муқаррар намудааст. Дар он аввалин маротиба сухан дар бораи вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд меравад, ки барои конститутсияҳои пешина ин мафҳум бегона буд. Инчунин Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр ҷиҳатҳои демократӣ дорад, ки онҳо қобили қайданд. Дар охир ёдовар мешавем, ки дар давоми 21 сол ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба бо тариқи раъйпурсӣ — 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан барои мустаҳкам намудани ақидаҳои давлати ҳуқуқбунёд, таҷзияи ҳокимият, волоияти худи меъёрҳои Конститутсия, қонунияти ҳуқуқӣ ва конститутсионӣ, адолати судии конститутсионӣ ва назорати судии конститутсионӣ, дахлнопазир эълон шудани ҳуқуқҳои фитрии инсон ва ғайраҳо равона карда шудааст.
Котиби маҷлиси судӣ: Исматов М.Х.