«Парчами давлати навини тоҷикон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз нахустин рӯзҳои қабули он мардуми мо дар роҳи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ ва бунёди давлатдории миллии худ қадамҳои устувор гузоштанд ва ба зиндагии осудаву ороми имрӯза расиданд.»
Эмомалӣ Раҳмон
Парчам ҳамчун рамзи ифодакунандаи давлат дар осори мутафаккирон, адибон, олимону муаррихон, аз ҷумла дар шоҳасари адабиёти ҷаҳонӣ «Шоҳнома»-и А.Фирдавсӣ бароямон маълум аст. Дар «Шоҳнома»-и безаволи А. Фирдавсӣ тафсири олии парчаму парчамдорӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, ифтихори миллӣ ва пирӯзиҳои ворисони Фаридун қаламдод ва баҳо дода мешавад. Таърихи парчамдории миллати тоҷикон ба Дирафши Ковиёнӣ дакка мехӯрад, ки ин аз асолати миллати тоҷик дар таърих шаҳодат медиҳад. Абулқосим Фирдавсӣ дирафшро чунин тасвир карда менависад:
Фурӯ хишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ Дирафш».
Парчам чун нишонаи ассосии давлат рамзи ифодагари мамлакати соҳибихтиёр дар дохил ва хориҷ маҳсуб меёбад. Парчами миллӣ миёни қавму халқиятҳо бо аломатҳои фарқкунандаи худ, мушаххас аст, ки он бо қонун ё низомномаи махсус муқаррар мешавад. Рангҳои парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон риштаи пайвасти гузашта ва имрӯзи мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳар як ранги он ифодагари як қисми таърихи ин мамлакат аст. Парчам, пеш аз ҳама, рамз ё аломатест, ки одатан дар матоъ инъикос меёбад.
Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, ки он арзишмандтарин ва волотарин дастоварди давлатдории тоҷикон мебошад, зарурат ба қабул намудани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал овард. Маҳз ба ҳамин хотир, 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар баробари дигар масъалаҳои муҳимми давлатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Мутобиқи он ба моддаҳои 169 ва 170-и Конститутсияи кишвар (соли 1978), ки ба Нишони давлатӣ ва Парчами давлатӣ бахшида шуда буданд, тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд. Дар асоси ин тағйиру иловаҳо бори аввал Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 24-уми ноябри соли 1992) ва Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28-уми декабри соли 1993) тасдиқ шуданд. Санаи 7-уми сентябри соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Бо қабул гардидани Парчами давлатӣ, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд.
Дар марҳалаи минбаъда, ҳангоми қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ дар он ҷойгоҳи хоссаи худро касб намуданд. Тибқи муқаррароти моддаи 3- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст» дар боби асосҳои сохтори конститутсионӣ муайян гаридааст. Ҳамин тариқ, ин муқаррароти конститутсионӣ аз мақом ва моҳияти баланди рамзҳои давлатӣ, бахусус Парчами давлатиро дар сохти давлатдории навини халқи тоҷик таҷассум менамояд.
Айни ҳол, мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон №254, аз 12 майи соли 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Парчами давлатӣ новобаста ба андозаашон, бо риояи дақиқи ҳаҷму ранги асл бояд тасвир карда шаванд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, ки рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди мобайн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯйи рахи сафед, аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии Парчам 1:2 аст.
Тоҷу ситораҳои парчам дар шакли росткунҷа ҷой дошта шудаанд, ки паҳлуи амудиашон 0,8 паҳлӯи уфуқиашон 1,0 паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой гирифтаанд. Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и паҳнои рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисми доираи қутраш 0,2 – рахи сафед васл гардидаанд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони давлату давлатдорӣ буда, фақат дар ҷойҳое, ки мувофиқи қонун пешбинӣ шудааст, гузошта мешавад. Он бар фарози биноҳои қароргоҳи расмии Президенти кишвар, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат, гузаргоҳҳои марзиву гумрукӣ, дар нашрияҳои давлатӣ, дар шиносномаҳои шаҳрвандӣ, дар пули миллӣ ва дигар ҷойҳо доимо ҷойгиру афрохта шуда, парафшонӣ мекунад.
Имрӯз 32 сол аз қабули ин муқаддасоти миллӣ сипарӣ гардид ва аз 24 ноябри соли 2009 то ин ҷониб тайи 16 сол аст, ки ин санаи таърихӣ ҳамчун рӯзи арҷгузорӣ ба рукни муттаҳидсози миллӣ дар тамоми гӯшаю канори мамлакат ва берун аз он ботантана таҷлил мегардад.
Котиби маҷлиси судӣ: Исматов М.Х.