Суди иқтисодии шаҳри Душанбе. Суроға: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 14А, Рақами боварӣ: +992 37 222 20 84

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

Маврид ба зикр аст, ки то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баргузории ҷашну маросимҳо ва харҷу сарфи маблағҳои зиёд, куштани зиёди чорво роҳ дода мешуд, ки ҳамаи ин ба зиндагии рӯзмарраи мо таъсири манфӣ расонида, боиси камбизоат гаштани мардум мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз 24-уми майи соли 2007 зимни мулоқот бо аҳли зиёи мамлакат оид ба «Танзими расму оинҳо ва анъанаву маросимҳои миллӣ» таъкид бар он дошта буданд, ки то расму оин ва маросимҳои милливу диннии худро ба як низоми муайян надарорем, хароҷоти беҳудаи мардумро аз байн набарем ва ба зоҳирпарастии беасос хотима нагузорем, ба қабули татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем.

          Дар робита бар ин, Президенти мамлакат, ҳамчун роҳбари ғамхори миллат барои таъмини зиндагии осудаи мардум тамоми чораҳоро андешида, зимни машваратҳо бо аҳли зиё, уламои дин ва фаъолони кишвар ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи ҳарчӣ зудтар халос кардани мардум аз ин хароҷотҳои зиёд ин қабули қонун аст.

          Тибки талаботи қисми 1 моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикисто» мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат  барои паст кардани сатҳи камбизоати ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдати, ки ба манфиатҳои иқтисоди ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷидди ворид менамоянд, иборат аст.

Дар воқеъ, дастуру супоришҳое, ки аз тарафи Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд моро водор месозад, ки назорат ва татбиқи Қонуни мазкурро пурзӯр намуда, барои амалӣ шудани ин нақшаҳо саҳми босазои худро гузорем. 

Котиби судӣ:   Исоева Ш.М.