Суди иқтисодии шаҳри Душанбе. Суроға: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 14А, Рақами боварӣ: +992 37 222 20 84

Танзими анъана ва таъсири мусбати он ба ҳаёти иҷтимоии мардум

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлоли давлатӣ низоми давлатдориро танзиму таҳким бахшида, расму ойин ва анъанаҳои неки гузаштагонро эҳтиром, ҳифз ва гиромӣ дошта, талош меварзанд, то онҳоро ба наслҳои оянда ба мерос гузорад.

Анъана ва ҷашну маросим ҳамеша муносибатҳои иҷтимоиро танзим намуда, тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамоянд ва ҳаёти иҷтимоии одамонро рангин мегардонад. Ҳамзамон анъана ва ҷашну маросим дар ҳамфикрӣ, худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мероси фарҳангии миллат аҳамияти фавқулода муҳим дорад.

Имрӯз дар Тоҷикистон нафарон ва хонаводаҳое кам нестанд, ки бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла паст будани фарҳанги ҳуқуқӣ талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро риоя ва иҷро намекунанд. Мувофиқи маълумоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон 419 ҳолати вайрон намудани қонуни мазкур сабт шудааст. Аз ин рӯ, дар шароити имрӯза зарур аст, ки мутахассисони соҳа, зиёиён, рӯҳониён, омӯзгорон ва ҳуқуқшиносон бо воситаҳои гуногун мазмун ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба аҳолӣ фаҳмонанд.

Мутаассифона, тӯли қарнҳо ба анъана ва ҷашну маросими кишварамон тағйироти зиёд ворид шудаанд, ки боиси исрофкорию хароҷоти беҳуда ва воситаи худнамоишдиҳию шуҳратпарастии баъзе аз афрод гардидаанд.

         Барои пешгирии чунин амалҳо бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва пешгирии таассубу хурофот бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамраъйии мардуми шарифи Тоҷикистон 8-уми июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид. Соли 2017 ба қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Мақсад аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ ҳангоми баргузор намудани анъана ва ҷашну маросим, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, пешгирии воридшавии унсурҳои бегона ва ғайри миллӣ ба анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон, аз байн бурдани хурофот ва амсоли инҳо ба ҳисоб меравад. Дар муассисаҳои таълимии кишварамон, махсусан, дар дарсҳои тарбиявӣ ба хонандагону донишҷӯён моҳияти ҳар як банди қонуни мазкур бояд ба таври муфассал омӯзонида шавад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки риоя ва иҷрои меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳимояи манфиатҳои иқтисодии мардум, ташкили зиндагии шоиста ва сазовори аҳолӣ аҳамияти фавқулода бузург дорад.

  Пристави судӣ:    Исмоилов А.Р.