Суди иқтисодии шаҳри Душанбе. Суроға: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 14А, Рақами боварӣ: +992 37 222 20 84

ҶАШНИ САДА МЕРОС АЗ НИЁГОНИ МОСТ

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинаҷод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини зардуштӣ 5000 сол пеш мавҷуд буд. Дар оини зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд.

Ҷашни Сада бо шодию суруд, рақсу тарона, оростани дастархони пурнозу неъмат таҷлил мегардад. Мутаассифона, то ҳанӯз мардум оид ба ин ҷашн маълумоти кофӣ надоранд. Ҳатто шоҳони даврони Ҳахоманишӣ танҳо дар ҳамин рӯз дар ҷашнгоҳ ҳуқуқи рақс кардан доштаанд ва метавонистанд маст шаванд. Дар ин рӯз аз шоҳ то ғулом либоси арғувонӣ (сурх) мепӯшидаанд. Аз даврони Фаридун анъана шуда будааст, ки мардум ба миён рӯймоли махсуси арғувонӣ банданд ва суруд замзама кунанду вақти таом хӯрдан сухан нагӯянд. Шоҳони давр ва ҳокимони вақт ба ҳамдигар ба муносибати иди Меҳргон туҳфаҳо мефиристодаанд. Асосгузори сулолаи Сосониён дар ҳамин рӯз тоҷе, ки дар он сурати Офтоб нақш карда буд, бар сар мениҳод ва ин минбаъд анъанаи мулкдорони Аҷам мегардад.

Сада ҷашни мулуки номдор аст

Зи Афридуну в-аз Ҷам ёдгор аст.

Ҷашни Сада аз раҳоӣ аз фасли сармо, оғози кор дар саҳро, саршавии меҳнати деҳқонон, хулоса, аз наздик шудани Наврӯз дарак медиҳад.

Оид ба ин ҷашн шоир Фаррухии Сиистонӣ гуфтааст:

Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,

Мужда бипазиру бидеҳ хилъату кор бигир.

Воқеан, ин ҷашн аз омадани баҳор ба мо мужда мерасонад. Дар рӯзҳои ин ҷашн деҳқонон ба киштукори баҳорӣ омода мешаванд, боғу дарахтонро ба тартиб меоранд, ба заминҳо яхоб мондаву бехи дарахтҳоро нарм намуда, ба кишт омода месозанд, тухми ҳосилхез ҷустуҷӯ менамоянд, ҳамаи лавозимоти корро аз таъмир мебароранд, ҷӯйборҳоро аз ифлосиҳо тоза мекунанд, дар заминҳо оташ меафрӯзанд, то ки офатҳо нест шаванд. Дар замонҳои пеш маҳз дар ҳамин рӯз ҳамагон дар гирди оташи дил, оташи хештаншинос ҷамъ шуда, рақсу сурудхонӣ менамоянд. Ин ба он маънӣ аст, ки аз оташ рӯҳи бад мегурезад ва ҳосили замин фаровон мегардад. Деҳқонон дарахтонро бо ҳар хел матоъ ороиш медиҳанд, то дар шохаҳои онҳо шайтон маскан нагузорад ва ҳосил фаровон шавад. Мардум гирди оташи муқаддас давр зада, суруд зам-зама мекунанд.

Аз ин маълумот фаҳмида мешавад, ки Сада ҷашни кашфи оташ буда, ба шарофати он инсон ба ҷойи олоти чӯбину сангин оҳанро кашф кард ва меҳнати кишоварзонро сабук гардонд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвоимуаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид мекунанд, ки анъанаҳои фаромӯшгаштаи аҷдодонро аз нав зинда гардондан муҳим аст, зеро онҳо гувоҳи таърихи пурғановат ва фарҳанги бойи миллати куҳанбунёди тоҷик маҳсуб меёбанд.

Аз ин лиҳзоз, таҷлили ин ҷашн моро бори дигар бо таъриху фарҳанги халқамон ошно месозад ва меҳру муҳаббат ва садоқату меҳрубониро ба якдигар, ки мероси фарҳангии ориёиамон аст, меафзояд.

 

Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе                                 Комилӣ Файзалӣ