Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Боиси хушнудӣ ва сарфарозии мо бонувон аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари соҳибистиқлол гаштани давлатамон аз қадамҳои нахустини фаъолияташ ба ҳайси роҳбари давлат новобаста аз мушкилиҳои сиёсию иқтисодӣ ва масъалаҳои муҳимми давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори Зан-Модар дар ҷомеаи навин барои фаъолияти васеи бонувони кишвар дар соҳаҳои мухталиф шароити мусоид фароҳам оварданд. Занону бонувони мо имрӯз дар рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ба хусус тарбияи насли наврас монда нашуда, заҳмат мекашанд. Онҳо инчунин тарбияи фарзандони хушахлоқу бомаърифат ва донишмандро рисолати азалии хеш медонанд.
Рӯзи Модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои Модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад. Зан – Модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад. Модар оғози зиндагӣ, олами эъҷоз, меҳвари умр ва маъбади меҳру вафост. Меҳри Модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад. Яъне, бӯи биҳиштии Модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз фаромӯш намегардад.
Модар бузургтарин офаридаест, ки Худованд ба инсон ато намудааст. Суханҳои гуҳаррезу пур аз меҳри Модар инсонро ба зиндагӣ дилгарм месозанд. Ҳусну зебоӣ, лутфу меҳрубонӣ, бузургдиливу сарсупурдагии ӯ ҷиҳати амну субот, оромиву рушд, рисолати офаридгорӣ аз сифатҳоест, ки аз зан ба аҳли башар расидааст. Пешрафту тараққиёт, шукуфоиву зебоии ҷомеаро бе ширкату нақши Зан-Модар тасаввур кардан амрест маҳол. Дар яке аз паёмҳои худ Сарвари давлат қайд кардааст: “Сухани пурҳикмату таъсирбахши занону модарони бомаърифат қудрате дорад, ки каҷравонро ба роҳи рост, ҷинояткоронро ба адлу инсоф, хиёнаткоронро ба сидқу сафо, ношукру носипосонро ба фурутаниву шикастанафсӣ роҳнамун месозад”.
Бо фараҳмандӣ ва рӯҳбаландӣ метавон гуфт, ки саодат ва хушбахтии бузурге насиби бонувони кишвар гашта, ки онҳо имрӯз дар ҳама самтҳо фаъолият намуда, дар пешрафт, тараққиёт ва боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон саҳми арзишманд мегузоранд, рисолати худро дар назди Ватану миллати хеш сарбаландона иҷро менамоянд. Бузургии Зан-Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ посдори забон ва таъриху фарҳанги миллӣ мебошад. Ин масъулияти бузург модарону бонувони моро водор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти ҷисмонии фарзандон, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия намоянд. Зеро нақши Зан-Модар махсусан, дар раванди таълиму тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг ва умуман, камолоти маънавии фарзанд барҷаста мебошад.
Муҳимтарин вазифа ва масъулияте, ки дар назди мо бонувон меистад, ин пеш аз ҳама тарбияи ахлоқии фарзандон мебошад. Зани тоҷик бо шарофати ғамхориҳои беназири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви комилҳуқуқи ҷомеа мебошад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи саломатии модарон, баланд бардошатни сатҳи маҳрифатнокии онҳо тадбирҳои судмандро амалӣ гардонид, ки ин барои боз ҳам ба тадриҷ баланд гардидани сатҳи некуаҳволии занон мусоидат менамояд. Имрӯз садҳо нафар занону ҷавондухтарони соҳибистеъдоду болаёқат дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва пурмасъули хизмати давлатӣ, аз ҷумла дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, хадамоту саридораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаю коргоҳҳо, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва ғайраҳо фаъолияти пурсамар доранд.
Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Зан-Модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯйи олам аст. Донистани қадру қимати Зан-Модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар фарди баору номус аст. Аз нақши бузурги Зан- Модар дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо адибону шоирону файласуфон ёд кардаанд, балки онҳое, ки саҳнаи набардҳои азимеро тарҳрезӣ мекарданду барои кишваркушоӣ кӯшиш мекарданд, саранҷом аз бузургии Зан-Модар ёд карда, пеши азамати ӯ сари таъзим фуруд овардаанд:
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, пас ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии Зан – Модар вобаста аст. Мо ифтихор мекунем, ки Модари тоҷик дар тӯли тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиғаву хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда будааст ва ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшад:
Котиби суд: Исоева Ш.М.