Навруз таърихи бештар аз 3000-сола дорад. Расму суннатҳои наврӯзӣ ҳанӯз пеш аз дини ислом, аз давраи зардуштиён барои ояндаҳо ёдгор мондаанд.
Тавре, ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат ва айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.
Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми мо ҳеч як анъана ва расму оине чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз ифодагари арзишҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои қадимаи тоҷикон ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим марҳилаи зиёди пурпечутобро убур карда, то замони мо расидааст.
Бояд гуфт, ки манша ва замони пайдоиши Наврӯз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Доир ба таърихи пайдоиш ва баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст. Аз ҷумла дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, «Ат-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва дигар осори бузургони мо маълумоти мустақим ва пурмазмун оварда шудааст.
Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ ба он далолат мекунад, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён дар замони ҳукмронии Шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст. Масалан Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия» овардааст, ки Ҷамшед сайри ҷаҳон мекард, чун ӯ ба Озарбойҷон расид, фармон дод, тахте тайёр карданд. Онро дар ҷойи баландтарин баробари нури Офтоб гузоштанд. Шоҳ дар сар тоҷи шоҳӣ бар тахт нишаст. Тобиши Офтоб якҷоя бо нури гавҳарҳои тоҷ равшании Офтобро ду маротиба зиёд кард ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Дар як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад. Мардум аз дидани ин амр дар шигифт шуданд. Шоҳ Ҷамшед фармуд, ки одамон бадани худро бишӯянд, либоси идона ба бар кунанд. Мардум шод шуданд ва он рӯзро Рӯзи нав эълон карданд.
Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти осори Абурайҳони Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки ин донишманд ба таври густурда дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз хабар медиҳад ва мегӯяд, ки мардуми давронаш бо покиза гардонӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.
Ҳоло дар замони мо бо фарорасии Наврӯз мардум хонаҳоро аз чангу ғубор тоза мекунанд. Одамон бо либосҳои тоза ба сайругашт мебароянд. Дар ҷашнгоҳ кабкбозӣ, гӯштигирӣ ва дигар навъҳои варзиш барпо мегардад ва аз ҳар гӯшаи диёрамон садои мусиқӣ ба гӯш мерасад.
Дар ҳақиқат ҳам Наврӯзи оламафрӯз рӯзгори одамиро пайваста поку тоза ва сабзу хуррам нигоҳ медорад. Воқеан ҳам, Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёгар, пайвандгари дӯстӣ, бародарӣ, нерӯбахши сулҳу оштӣ ва зудояндаи занги кинаву озурдагӣ шинохта шудааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ Наврӯз ба ҳайси ҷашни миллӣ дар сатҳи давлатӣ бошукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои гуногун дар бораи Наврӯз суханронӣ намуда, онро на танҳо як ҷашни миллии тоҷикон, балки як падидаи муҳими фарҳангӣ ва умумибашарӣ арзёбӣ намудаанд.
Дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки “Наврӯз ҷашнест, ки инсонро ба покию нафосат, некию накӯкорӣ, дӯстиву бародарӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ ҳидоят мекунад.”
Инчунин, лозим ба ёдоварист, ки ҷашни Наврӯз рамзи эҳёи табиат ва шодии мардум, арзёби гардида, ин ҷашн баёнгари пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек мебошад.
Бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид онро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф кард. Эмомалӣ Раҳмон ин рӯйдодро ифтихори миллии тоҷикон номида, гуфта қайд намуданад:
– “Наврӯз бо ташаббуси мо ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт ва имрӯз онро на танҳо дар минтақа, балки дар тамоми ҷаҳон ҷашн мегиранд.”
Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола чорабиниҳои бошукӯҳи Наврӯзиро дар сатҳи байналмилалӣ баргузор менамояд. Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи анъанаҳои миллӣ ва Наврӯз назаррас буда бо тибқи дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ, дар солҳои истиқлолият анъанаҳои суннатии Наврӯз, ки дар даврони Шӯравӣ то андозае заиф шуда, эҳтимоли аз байн рафтан доштаанд, дубора эҳё шуданд
Боиси хушбахтист, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик тавонист ҷашнҳои муқаддаси миллиамон – Наврӯз, Меҳргон ва Садаро дар тули асрҳо нигоҳ дошта, то ба имрӯз бирасонад ва онро ҷаҳонӣ гардонанд. Ҷашни Наврӯз арзишҳои чун сулҳ, оштӣ ва ҳамбастагиро тақвият дода, дӯстӣ миёни қавму миллатҳои гуногунро афзоиш медиҳад.
Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлолият шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт.
Аз Наврӯзи ҳазораи нав мардуми тоҷик умеду орзуҳои зиёд дорад. Бигузор, ин ҷашни қадимаву ҳамешаҷавон барои мардуми мо бахту саодат, ҳамдигарфаҳмӣ, рӯзгори нек ва сулҳу салоҳ биорад.
Судяи Суди иқтисодии
шаҳри Душанбе: Нурализода О.Б.