Суди иқтисодии шаҳри Душанбе. Суроға: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 14А, Рақами боварӣ: +992 37 222 20 84

Наврӯзи хуҷастапай ва анъанаҳои миллии он

Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми марти худуди шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, Наврӯз фаро мерасад. Наврӯз бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон шояд тамоми ҳакро дорад, ки Соли Нави худро аз Наврӯз сар кунад. Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар куллия кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳар иде аз ҷумла иди Наврӯз дар Тоҷикистон бо рӯҳи сиёсӣ доир карда мешавад.

Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад. Аммо бархе аз муҳaккинони ойинҳои Наврӯзи бар ин назаранд, ки мақомоти кишварҳои Туркзабони Осиёи Марказӣ Наврӯзро танҳо ба хотири таъмини бақои таърихии мардуми худ ҷашн мегиранд.

Бо таваҷуҳ ба ин ки мардумони Осиёи Маркази равобити хуби таърихи доштанд ҷашни Наврӯз дар миёни кишварҳои туркзабонӣ минтақаи Осиёи Миёна, ба вижа Узбекҳо, Кирғизҳо, Қазоқҳo ва Туркменҳо низ дар натиҷаи равобити фарҳанги, иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ ва мавқеъи ҷуғрофиёи густариш ёфтаааст.

Ҳоло ки дар шаҳрҳои марказӣ, Самарқанд, Бухоро, Насаф, Термeз, Дехнав, ки мардуми Тоҷик аз қадимулайём сукунат доранд ва мардуми тахҷоии ин мантиқ тоҷик ҳастанд, сунат ва анъаноти Наврӯз ҳифз шуда ва мардуми Узбек низ бо чунин расм аз наврӯз таҷлил ба амал меоранд. Дар манотиқи мухталифи Ӯзбекистон ғазои наврӯзӣ — саману ё суманак, омода карда мешавад ки мардуми ин кишвар сумалак мегӯянд.

Калимаи «Наврӯз» маънои «Рӯзи нав» дорад. Ин иди баҳор, якум рӯзи соли нав, рӯзи баробари Баҳор, рӯзҳои асосии ид аз 21 то 22-юми март мебошад. Дар ҳар як шаҳрҳо ин идро одамон бо расму русуни гуногун ҷашн мегиранд. Ҳоло дар Точикистон асосан Наврӯз аз 21 то 24-уми март ҷашн мегиранд.

Ин рӯзҳои истироҳатӣ мебошад. Қадимтарин манбаъи иди Наврӯз — ин китоби муқаддаси зардуштиён «Авесто» мебошад. Решаи аниқ аз қадимтарини таърихи то 3000 сол пеш аз милод рост меояд. Таърихи гузаштаи Наврӯз, чихеле ки дар «Наврӯзнома» (Китоби Наврӯзии) Умари Хайём дар давраҳои таърихи шоҳигарии форсҳои давраи Пешдодиён. Дар «Шоҳнома» гузоштаи ин ид алоқа бо шоҳигарии Ҷамшед пайвастагӣ дорад.

Чи тавре ки маълум аст дар 21 марти дар баҳори шабу рӯз баробар шуда ба 12 соати тақсим мешавад. Вақте, ки Ҷамшед тахти тилогини худро сохт (аз рӯи достон якумин тахи дар таърихи одамизот вуҷуд дошт) дар вақти баромади офтоб дар куҳи баланд бардошта ва тилло дар нурҳои офтоб ҷилвар дода равшанӣ мисли офтоб медод. Ин рӯзро Наврӯз номидан, ва ҳамчун аввалин соли нав ҷашн мегирифтанд. Дар «Наврӯзнома» гуфта шудааст Ҷамшед ин рӯзро Наврӯз номида ва ӯро ба расми оин дохил кард. Шоҳону одамон ин идро ҷашн мегирифтанд.

Ҳоло дар замони мо бо фарорасии Наврӯз мардум хонаҳоро аз чангу ғубор тоза мекунанд. Одамон бо либосҳои тоза ба сайругашт мебароянд. Дар ҷашнгоҳ кабкбозӣ, гӯштигирӣ ва дигар навъҳои варзиш барпо мегардад ва аз ҳар гӯшаи диёрамон садои мусиқӣ ба гӯш мерасад.

          Дар ҳақиқат ҳам Наврӯзи оламафрӯз рӯзгори одамиро пайваста поку тоза ва сабзу хуррам нигоҳ медорад. Воқеан ҳам, Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёгар, пайвандгари дӯстӣ, бародарӣ, нерӯбахши сулҳу оштӣ ва зудояндаи занги кинаву озурдагӣ шинохта шудааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ Наврӯз ба ҳайси ҷашни миллӣ дар сатҳи давлатӣ бошукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои гуногун дар бораи Наврӯз суханронӣ намуда, онро на танҳо як ҷашни миллии тоҷикон, балки як падидаи муҳими фарҳангӣ ва умумибашарӣ арзёбӣ намудаанд.

Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлолият шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт.

 

 

Котиби суд:                                                          Исоева Ш.М.