Суди иқтисодии шаҳри Душанбе. Суроға: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 14А, Рақами боварӣ: +992 37 222 20 84

Таърих ва анъанаҳои ҷашни қадимии Наврӯз.

 Наврӯз – яке аз қадимтарин ҷашнҳои рӯи Замин ба шумор рафта, на танҳо рамзи бедоршавии табиат, оғози кишту кор, балки вақти пок шудани қалбҳо ва оғози зиндагии нав аст.

             Наврӯз иди эҳёи табиат буда, ҳамчун ҷашни Соли нав низ шинохта мешавад. Наврӯзро дар баробари мардуми Эрону Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунин қавму миллатҳои зиёде таҷлил ва арҷгузорӣ мекунанд.

           Наврӯз  ҷашни қадимӣ ва анъанавӣ буда, ба рӯзи аввали моҳи ҳамали ё 21 – уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе  ноҳияи Тоҷикистон “Иди сари сол” низ меноманд. Бояд гуфт ки манша аз замони пайдоиши Наврӯз ба дурустӣ маълум нест. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст.

         Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст. Вожаи Наврӯз аз форсии миёна баргирифта маънои рӯзи навро дорад.

         Бояд қайд кард, ки Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21 – уми март шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи киштукори деҳқон низ ба шумор меравад.

          Дар замонҳои қадим аз Наврӯз 13 рӯз ҷашн мегирифтанд. Дар анҷоми таҷлил мардум ба саҳро баромада, аз Соли ҷадид истиқбол мекарданд. Ин як рамзе аст, ки мардум бар ин назар буданд, ки нафаре ба саҳро баромада ва аз табиат роҳат медидаро дар тӯли сол хушбахтӣ ва фаровонӣ интизор аст.

          Дар китоби “Наврӯзнома”- и Умари Хайём дар бораи пайдоиши ҷашни Наврӯз ва одоби он навишта шудааст. “Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт “Наврӯз” ном ниҳод ва ҷашн оин овард. Ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад – ӯ иқтидо карданд. Ва қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарси аввал дар мулки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном диҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз бомдод Офтоб ба аввали дақиқаи ҳамал омада. Муъбадон гирд карда ва бифармуд, ки таърих аз он ҷо оғоз кунанд. Ва чунин гуфтанд муъбадони Аҷам, ки доноёни рӯзгор буданд, ки Эзиди таборак ва таоло дувоздаҳ фаришта овардааст: аз ин чаҳор фаришта бар осмонҳо гумоштааст, то осмонро ба ҳар чи андар ӯст, аз аҳриманон нигоҳ доранд; ва чаҳор фариштаро бар чаҳор гӯшаи ҷаҳон гумоштааст, то аҳриманонро гузар надиҳанд, ки аз кӯҳи Қоф баргузаранд.  Ва чунин ки чаҳор фаришта дар осмонҳо ва заминҳо мегарданд ва аҳриманонро дур медоранд аз халоиқ. Ва чунин мегӯянд, ки ин ҷаҳон андар миёни он ҷаҳон чун хонаест нав, андар сарои куҳан бар оварда. Ва Эзиди таоло Офтобро аз нур биёфарид ва осмонҳову заминҳоро бад – ӯ парвариш дод.”

         Дар рисолаи “Наврӯзнома” сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки: “Чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бадин дақиқа натавонад омадан чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад”.  

          Наврӯз рӯзи баробаршавии шабу рӯз – 21 март ҷашн гирифта мешавад. Дар таърихи ҳазорсолаи ин ҷашн анъанаҳои зиёде мавқеи худро пайдо кардаанд.

Котиби маҷлиси судӣ                                                                     Қодиров Ҷ.