Суди иқтисодии шаҳри Душанбе. Суроға: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 14А, Рақами боварӣ: +992 37 222 20 84

Month: November 2024

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 ноябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст дар бораи Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 гузориши вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода шунида шуд. Таъкид гардид, ки вазифаҳои асосии барномаи мазкур, ки …

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Read More »

Иштирок дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ

28 ноябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар кори ҷаласа, ҳамчунин, роҳбарони давлатҳои Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуданд. Дар …

Иштирок дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Read More »

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон

28 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба …

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Read More »

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон

28 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии …

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Read More »

Парчам рамзи давлатдорӣ!

Ҷашни Рӯзи Парчам – эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Яъне ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву …

Парчам рамзи давлатдорӣ! Read More »

Парчам ҳамчун рамзи ифодакунандаи давлат

«Парчами давлати навини тоҷикон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз нахустин рӯзҳои қабули он мардуми мо дар роҳи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ ва бунёди давлатдории миллии худ қадамҳои устувор гузоштанд ва ба зиндагии осудаву ороми имрӯза расиданд.» Эмомалӣ Раҳмон Парчам ҳамчун рамзи ифодакунандаи давлат дар осори мутафаккирон, адибон, олимону муаррихон, аз ҷумла дар шоҳасари адабиёти ҷаҳонӣ …

Парчам ҳамчун рамзи ифодакунандаи давлат Read More »

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад. Парчам дар забони адабии ҳозираи тоҷик ҳамчун истилоҳ ба маънои ливо, …

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон Read More »

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории тоҷикон

Дар арафаи 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баландтарин бурҷи парчам дар ҷаҳон дар маркази пойтахти мо шаҳри Душанбе, дар канори чапи Қасри Миллат ифтитоҳ гардид. Ҳамин тавр парчами Тоҷикистон бо сутуни дорои баландии 165 метр ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд. Дарозии матои ин парчам 60 ва бари он 30 метр аст. Парлумони Точикистон ҳануз …

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории тоҷикон Read More »

«ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ИФТИХОРИ МОСТ!»

Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа маҳсуб меёбад. Парчами миллӣ баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдории дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад. Анъанаи парчамдории халқи …

«ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ИФТИХОРИ МОСТ!» Read More »

Парчам–рамзи соҳибистиқлолии Ватан!

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Эмомалӣ Раҳмон Парчам рамзи муқаддаси озодӣ ва ҳувияти миллии халқи куҳанбунёд ва тамаддунпарвари тоҷик аст. Парчам ба мо неру, шукӯҳ ва ифтихори ватандорӣ мебахшад. …

Парчам–рамзи соҳибистиқлолии Ватан! Read More »