articlesnews

YOUTH IS THE CREATIVE FORCE AND THE FUTURE OF THE NATION

Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро  ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву  ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.                                                      

                                                                                                                         Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан нашояд. Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил мекунад. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд мекунад ва солҳои минбаъда ба як давлати мутараққию пешрафтаи ҷаҳон табдил хоҳад ёфт. Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зӯру бозӯи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2021 гуфта буданд, ки “аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”.

Тавре медонем, ин мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- ро дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон дошта буданд.

Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар — Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд.

Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 дарҷ гардидаст, ки ҷавонон бояд дар қиёс ба ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд.

Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: “Ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда ва ояндаи миллатанд”.

Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи ҷавонон бошанд ва афкору андешаи тозаи онҳо ба роҳ ёфтани ақоиду амали гурӯҳҳои тундраву ифротгаро дар фазои Ватан имкон надиҳад.

Зимни таҳлили дастовардҳои соҳа давоми солҳои соҳибистиқлоӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии татбирҳои амалӣ вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи наслӣ имрӯза давра ба давра иқдомоти мушахасро амалӣ намуд.

Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.

Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозае дар таърихи навин боз шудааст, ки он 23-юми май Рӯзи ҷавонон мебошад. Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон на танҳо шодию хурсандӣ ва тарабу фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан кӯмаку ҳамдастии гуруҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон аст. Ба ин маънӣ кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу неруи созандаи мо, ҷавонон умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд. Мо бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем.
Дар мамлакати мо барои дастгирии ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳию худшиносии миллӣ «Стратегияи сиѐсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида буд. Стратегия барои муайян намудани мақсад, афзалият ва тадбирҳое нигаронида шудааст, ки татбиқи онҳо ба ҳалли вазифаҳои мубрами рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд. Зарурати қабули Стратегия дар он дида мешавад, ки ҷавонон объекти манфиатҳои миллию давлатӣ буда, яке аз омилҳои асосии таъмини рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ояндаи наслҳои нав ба таври ногусастанӣ ба вазифаҳои ҳифз, рушд ва эҳѐи кишвар алоқаманд аст. Суботи сиѐсати давлатии ҷавонон бо роҳи татбиқи самарабахши тадбирҳои маҷмӯӣ, ки вазифа, аҳамият ва нақши сиѐсати давлатиро нисбат ба насли наврас муайян менамояд, таъмин мегардад. Сиѐсати давлатии ҷавонон дорои хусусияти фаъоли инноватсионӣ ва истеҳсолӣ буда, нерӯи меҳнатӣ ва эҷодии ҷавононро инъикос менамояд. Татбиқи сиѐсати давлатии ҷавонон ба фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ, кафолатҳо барои аз ҷониби ҷавонон интихоб гардидани роҳи зиндагӣ, худтатбиқнамоии шахсии ҷавонон,рушд ва дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонону кӯдакон, ҳаракат ва ташаббусҳо нигаронида шудааст. Интихоби самтҳои стратегии сиѐсати давлатии ҷавонон метавонад танҳо ба натиҷаҳои таҳлил ва дурнамои равандҳои миѐнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушди ҳаѐти иҷтимоию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси таҳлили ҳисобот ва ҳуҷчатҳои расмӣ ошкор гардидаанд, асос ѐбад. Ғайр аз ин, Стратегия бояд дигаргуниҳоеро, ки дар соҳаи фаъолияти ҳаѐтан муҳими ҷамъият ва давлат руй медиҳад, ба инобат гирад ва пешбинӣ намояд. Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯза қарор гиранд. Дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизро ғуборолуд созанд. Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумуви кишвари азизамон назаррас аст. Итминони комил дорем, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Бинобар ин, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду такомули ҷавонон ва зиндагии арзандаи онҳо дар ҷомеаи муосиру давлати соҳибихтиѐру, демократии ҳуқуқбунѐд ва дунявии ягона, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зиѐде андешида шудаанд. Аз ҷумла, 13 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиѐсати давлатии ҷавонон» ба тасвиб расонида шуд, ки бо мурури замон қонуни мазкур дар таҳрири нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиѐсати давлатии ҷавонон» аз 15 июли соли 2004 қабул гардид. Барои дар амал татбиқ намудани қонуни мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра, аниқтараш 5 маротиба Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон», 3 маротиба «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонони Тоҷикистон», 2 маротиба «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2013-2015 ва 2016-2018, «Консепсияи миллии сиѐсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи сиѐсати давлатии ҷавонон то соли 2020» қабул гардидаанд, ки дар маҷмӯъ, барои татбиқи самараноки сиѐсати давлатии ҷавонон ва барои ба ҳадафҳои ниҳоии сиѐсати давлатии ҷавонон расидан заминаи мусоидеро фароҳам оварданд.

Ҳамин тариқ, ҷавононро мебояд амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.

      Котиби маҷлиси судӣ :                                                          Қудратов  Муҳаммадҷон

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *