Руский Руский

Экономический суд города Душанбе

Судебная власть защищает права и свободы человека и гражданина, интересы государство, организаций, учреждений, законность и справедливость (Конститутсия Республики Таджикистана)

Ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбастии фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи аввали соли 2020»

admin Без рубрики

Дар ҷаласа муовинони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров Содиқ Ашурович, судяҳо,  кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва раисон ва судяҳои судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Мутобиқи  рӯзноми  маҷлис оид ба  ҷамъбсти   фаъолияти  судҳои иқтисодӣ  дар соли 2019  муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ  Аминзода Зокир. маърӯза намуда, сипас ахбороти  муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Комилӣ Ф.  оид ба натиҷаи  фаъолияти марҳилаи кассатсинӣ ва назоратӣ  шунида шуд. Сипас оид ба натиҷаи фаъолият Раисони суди иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти фаъолият баромад намуданд.

Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода З.Ф., дар ҷамъбастии фаъолияти судӣ иброз намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ҳамагӣ 623  адад аризаҳои даъвогии корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва соҳибкорон дохил шуд, ки аз онҳо 103  адади он бинобар сабаби нодуруст бе риояи тартиботи қонунгузорӣ пешниҳод шуданашон, мутобиқи талаботи моддаи 128 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуд. Дар асоси муқаррароти моддаи 1261 Кодекси мазкур қабули 2 адад аризаи даъвогӣ  аз қабул рад баргардонида шудаст , зимни ин ба истеҳсолоти суди иқтисодӣ 517  адад аризаҳои даъвогии дигар ба истеҳсолот қабул карда шудаанд. Давоми соли сипаригашта ҳамагӣ 519  адад аризаҳои даъвогӣ ба маблағи умумии 750 741 576,64 сомонӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар 471  ҳолати баррасии парвандаҳо ҳалномаҳои судӣ қабул гардида, аз ин шумора 396  адад даъво пурра ва 47  адад қисман ҷамъ ба маблағи 671 799 038,83 сомонӣ  қонеъ гардонида шуд. Бояд тазаккур дод, ки аз 519 адад  аризаҳои даъвогии баррасӣ шуда 11  адади он аризаҳои мақомоти прокуратура ба манфиати давлат ва дигар ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ ба маблағи умумии 7 133 638,44 сомонӣ  пешниҳодшуда мебошад. Аз ҷамъи умумии даъвоҳои пешниҳодкардаи мақомоти прокуратура 11 адад аризаҳои даъвогӣ ба маблағи  5 846 339,02 сомонӣ  қонеъ гардонида шудааст. Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2019 ҳамагӣ 8 адад парвандаҳои иқтисодиро аз рӯи даъвоҳои мақомоти давлатӣ, ки ба манфиати давлат роҷеъ ба рӯёнидани зарари ба давлат аз насупоридани маблағи қувваи барқ ва об баррасӣ кардааст. Маблағи умумии талаби даъво аз рӯи ин парвандаҳои баррасишуда 2 538 821,58  сомониро ташкил медод. Баъди баррасии судӣ аризаҳои даъвогӣ дар 8 маврид қонеъ ва маблағи зарарӣ расонида ба андозаи 1 766 272,58   сомонӣ рӯёнида шудааст. Дар маҷмуъ давоми соли 2019 аз тарафи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе 35 адад парванда аз рӯи даъвоҳои мақомотҳои давлатӣ, роҷеъ ба рӯёнидани зарар ба манфиати давлат бо маблағи талабшуда ба андозаи 110 117 686,30 сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, аз натиҷаи баррасии  аризаҳои даъвогии ин мақомотҳо бо ҳалномаҳои судӣ талаби даъво ба андозаи 90 881 943,42 сомонӣ қонеъ гардонида шудааст.

Дар идомаи маҷлис натиҷаи фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳури барраси гардида вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар охир Лоиҳаи қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисоди дар соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2020 – ро ишора намуданд, ки аз тарафи аъзоёни Раёсати Суди Олии иқтисодӣ якдилона қабул гардид.

 

Маракази матбуоти Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Похожие записи

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №13,  мод. 195; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №9, мод. 238; […]

Камоли Хуҷандӣ

Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ (порсӣ: کمالالدین مسعود خُجندی ) — маъруф ба Шайх Камол аз орифон ва шоирони порсигӯи садаи XIV милодӣ […]

Тасдиқи рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик – Камоли Хуҷандӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик […]

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *