Ҳар соле, ки ба ҳукми таърих медарояд, рӯйдодҳои муҳими худро дорад ва ба ин васила дар хотирҳо нақш мебандад. Муҳимтарин воқеаҳои сол он ҳодисаҳое мебошанд, ки ба такмили ҳаёти ҷомеа мусоидат мекунанд, зиндагии ҳамагонро рангинтару гуворотар месозанд.
Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат хотирмонтарин рӯйдод дар соли сипаришуда мебошад. Паёми Сарвари давлат маьмулан дар охири сол ирода гашта, муҳимтарин хусусияту дастовардҳои кишварро дар соли сипаришуда ҳалу фасл менамояд ва вазифаҳои аҳли ҷомеаро дар тамоми соҳаҳо барои соли нав муайян месозад. Сокини Ватани маҳбубамон ҳамасола Паёми Пешвои миллатро бо таваҷҷуҳи махсус мешунаванд, онро хуш истиқбол мекунанд, меомузанд ва дар асоси он фаъолияти минбаъдаи худро такмил медиҳанд. Бисёр иқдомҳои тақдирсоз ва башардустонаи сардори давлат бо Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ иртибот доранд.
Марҳила ба марҳила пеш рафтану шукуфонтар гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол албатта барои ҳар яки мо сурурангез аст. Пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистони азиз Ватанамон ҳусну таровати тоза, мазмуну муҳтавои нав ёфт ва ҳаёти халқи тоҷик дар ин солҳо файзбору нишотбахш гашт. Махсусан, дар давоми даҳсолаи охир Тоҷикистони маҳбуби мо бо суръати баланд пеш рафт ва дар тамоми соҳаҳо комёбиҳои барҷаставу беназир ба даст оварда шуд. Акнун ҳар як соли кишвари мо пур аз ҳодисаҳои фараҳбори мусоидгар ба рушди мамлакат аст.
Дар соли сипаришуда аҳли кишвар вобаста ба тадбирҳои муҳиму манфиатбор корҳои зиёдеро сомон бахшиданд, ки дар натиҷа Ҷумҳурии азизамон боз ҳам пеш рафт, ободу зеботар гашт ва обрӯю эътибори байналхалқиаш бештар афзуд. Бо идомаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти муҳтарами ҷумҳуриамон эътирофи ватани азизамон дар арсаи ҷаҳон боз ҳам боло рафт ва чандин ҳамоишу ҷаласаву озмунҳои байналмилали маҳз дар мамлакати мо баргузор карда шудаанд.
Тибқи анъанаи неки худ Пешвои миллат дар тамоми Паёмҳояшон ба Маҷлиси Оли ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ин аз он аст, ки Сарвари кишвар дар сиёсати иҷтимоии худ соҳаи маорифро афзалиятнок хонданд ва ба аҳли таълиму тарбия эҳтирому эътиқоди самимӣ доранд. Соли равон дар соҳаи маориф навгониҳои зиёд ба вуқуъ пайвастанд. Аз ҷумла, нашри китобҳои нави таълими, дастурҳои методӣ, татбиқи муваффақонаи низоми таҳсили босалоҳият ва ғайраҳо.
Паёми навбатии Роҳбари давлат чун солҳои пешин фарогири муҳимтарин масъаллаҳои чомеа буда, дурнамои рушди кишварро дар тамоми самтҳо барои на танҳо соли ҷорӣ, балки барои чанд соли дигар низ муайян менамоянд. Дар Паёми имсола дар баробари масъалаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, ба вазъи сиёсии ҷаҳону минтақа ва таъмини амнияти осоиштагии ҷумҳуриамон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Бахусус, ба масъалаи мактабу маориф андешаҳои боэътимоду хурсандибахш гуфта шуданд, ки он ба аҳли маорифи кишвар рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки барои пешрафти ҷомеа саҳми зиёиён, аз ҷумла, омӯзгорон зиёд аст, зеро бе аз худ кардани илму донишҳои замонавӣ наметавон аз хусуси комёбиву пешрафт ҳарф зад. Албатта, илму дониш аз омӯзиш, хондани китоб сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, Президенти мамлакат роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд. Президенти кишвар баҳри баланд бардоштани маърифати таърихии мардум интишори васеи китоби пурарзиши Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон» -ро ба миён гузоштанд ва дастур доданд, ки ин китоб ба дасти ҳар хонавода бирасад. Пешвои миллат Ҳукумати кишварро супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик китоби «Тоҷикон»-и академик Б.Ғафуровро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намоянд. Дар робита ба ин соли ҷорӣ дар мамлакат ду санаи муҳими таърихӣ – 5500- солагии Саразми бостони ва 700- солагии шоири халқии тоҷик Камоли Хуҷандӣ барпо мешавад, ки ин боз аз халқи мутамаддин будани мо, тоҷикон, дарак медиҳад. ҳамин таърихи пурғановати халқамон аст, ки моро ҷахониён хуб мешиносанду эҳтиром мегузоранд. Президенти мамлакат дар Паём таъкид намуданд, ки «… олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохтани дурусти таърих, тарғиби меъроси маънавӣ ва суннату оинҳои мардуми низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд». Ҳамагон шоҳиди онем, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша диққати махсус зоҳир менамоянд. Наврасону ҷавононро даъват менамоянд, ки хуб таҳсил кунанд, ҳар чи бештар дониш омузанд, забонҳои хориҷиро аз худ бикунанд, технологияи муосирро дуруст идора карда тавонанд. Бидуни ин сифатҳо дар ҷаҳони муосир муваффақ шудан имкон надорад. Президенти Ҷумхурӣ, махсусан, ба забономузии насли наврас таваҷҷуҳи зиёд доранд ва инро яке аз омилҳои асосии комёбии онҳо медонанд. Ба таъкиди Пешвои миллат, ҳар як ҷавон имрӯз бояд ду –се забони хориҷиро донад ва донистани забонҳои русиву англисӣ барои ҷавонони тоҷик бештар аҳамият дорад. Дар Паёми навини Президенти Ҷумхурӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин суханони пурмеҳр садо доданд: «Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дуст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем».
Сарвари давлат дар Паём аз озмуни «Фуруғи субҳи донои…» ёд карда онро дар саводомӯзӣ ва худшиносии наврасону ҷавонон бисёр муассир донистанд. Воқеан, озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи донои…», ки бо иқдоми Пешвои Миллат роҳандозӣ шуд, аҳли кишварро боз ҳам ба ҷодаи маърифат ҳидоятгар гашт ва як ҷунбиши фарҳангие дар ҷумхурӣ ба вуҷуд овард. Барои дар ин озмуни баланд эътибор ба таври арзанда омода шудан шогирдон кушиши зиёд ба харҷ доданд. Пешвои миллат дастур доданд, ки минбаъд ҳар сол озмуни «Фуруғи субҳи донои…» баргузор карда шавад ва ба он доираи васеътари аҳли ҷомеа ҷалб карда шавад.
Пешвои миллат дар назди аҳли маориф вазифа гузоштанд, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардошта «наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоян». Эълон шудани « Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» гардиши куллие дар ҷомеа ба вуҷуд оварда, тафаккури техникии насли наврасро тавсиа медиҳад ва дар беҳтар кардани омӯзиши илмҳои бунёди нақши муҳиме мегузорад.
Вобаста ба ин, пешниход менамоянд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсияи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 « Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд.
Пешвои миллат нақши занону духтаронро низ дар ҷомеаи имрӯзаи мо фаъол мешуморанд. Мо минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани фармони Президент доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб мекунем.
Пешвои миллат қайд карданд, ки дар интихоботи дар пеш истодаи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ шумораи бонувон бештар бояд шавад ва онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъолона бояд ширкат кунанд.
Пешвои миллат бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Мувофиқи меъёрҳои Конститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад ва онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд.
Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳимми давлат мебошад.
Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандустӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад.
Бо фармони Президенти Ҷ.Т аз 4 декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳалӣ рӯзи 1 марти соли 2020 таъин шуд.
Интихоби вакилони Маҷлиси Олӣ, вакилони маҷлисҳои маҳалӣ ва ҷамоатҳо ҳуқуқи истисноии интихобкунандагон мебошад.
Ҳеҷ як ҳизбу созмон ё шахси мансабдор ҳақ надорад, ки ин ҳуқуқӣ Конститутсионии шаҳрвандонро вайрон карда, иродаи худро ба интихобкунандагон зӯран ё бо роҳҳои дигар таҳмил намояд.
Пешвои миллат қайд карданд, ки ба мақомоти намояндагӣ, аз ҷумла, ба парламенти кишвар бояд шахсони донишманду соҳибмаърифат, бо таҷрибаву обруманд ва ватандустӣ поквиҷдон пешниҳод ва интихоб шаванд.
Мардуми мо дар тулли таърихи начандон тулонии даврони соҳибистиқлолӣ аз уҳдаи иҷрои бисёр корҳои ҷиддиву сарнавиштсоз бо сарбаландӣ баромаданд ва эътимод дорем, ки ба хотири таҳкими пояҳои давлати миллии худ минбаъд заҳмат мекашанд.
Бовари дорем, ки то ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 30- солагии истиқлолияти давлати мо боз корҳои зиёди бунёдгаронаро амалӣ мекунем , тамоми захираву имкониятҳоро барои бунёди корхонаҳои хурду бузург сафарбар менамоем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозем вас аҳти неку аҳволии халқамонро боз ҳам беҳтар мегардонем.
Умуман ҳар як нуқтаи Паём омузандаву пурманфиат буда, он роҳнамои ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Итминони комил дорам, ки мардуми бонангу номуси мо ин нуқтаро хуб дарк мекунанд.
Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон-Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаиҳалқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандустонаи мову Шумо ифтихор намоянд.