Руский Руский

Экономический суд города Душанбе

Судебная власть защищает права и свободы человека и гражданина, интересы государство, организаций, учреждений, законность и справедливость (Конститутсия Республики Таджикистана)

Маросими савгандёдкунии судяи суди иқтитисодии шаҳри Душанбе Нурализода Одил

admin Новости

Имрӯз, 7 феврали 2020 дар Суди Олӣ маросими тантанавии савгандёдкунии 58 нафар номзадҳое, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ба вазифаи судя таъин шуданд баргузор гардид.

Дар маросими савгандёдкуни як нафар Коромӯз — судя Нурализода Одил, ки бо Фармони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе таъин шуд, дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд кард.

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ дар ҷамъомади судяҳо ва назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад. дар матни савганд сунин омадааст, «Ботантана савганд ёд мекунам, ки вазифаи худро бошарафона, одилона ва аз рўи виҷдон иҷро менамоям, холисӣ ва беғаразиро риоя карда, танҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун итоат карда, адолати судиро амалӣ менамоям», ки аз ҳар як судя шунида шуд.

Сипас, Муовини якуми Раиси Суди Олӣ ва Директори Маркази таълимии судяҳо суханронӣ намуда, ба судяҳои навтаъин дар фаъолияти пурмасъули судягӣ барору комёбиҳо таманно намуда, қайд намуданд, ки судя тақдири инсонро ҳал мекунад, аз ин лиҳоз ӯ бояд вазифаи муқаддасашро бошарафона, одилона ва аз рӯи виҷдон иҷро намуда, холисӣ ва беғаразиро риоя карда, танҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун итоат карда, адолати судиро амалӣ намояд.

Судяҳо бояд ҳамеша суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ёд дошта бошанд, ки гуфтаанд: “Судяҳо ҳангоми иҷрои вазифа дар ҳама ҳолат бояд шаъну шарафи судяро нигоҳ дошта, ваколатҳояшонро бо маҳорати баланди касбӣ анҷом диҳанд ва ба халқу Ватан содиқонаву беғаразона хизмат намоянд”.

Дар анҷом ба судяҳои навтаъин барои пурсамар гардидани фаъолияти кориашон адабиёти ҳуқуқӣ тақдим карда шуд.

Похожие записи

Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар

Ҳамватанони азиз! Тавре ба ҳамаи шумо маълум аст, мо муддати чанд соли охир дар соҳаи энергетикаи кишвар ба дастовардҳои хеле […]

Изҳори тасаллият марбут ба фавти падари Нурализода Одил ва падару модари Обидзода Ҷамиламоҳ

Роҳбарият, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари даргузашти  падари судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода Одил Бобохуҷа ва […]

Маҷлиси сайёри судӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саид Г.Н. ва котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Зиёева М.И.

Санаи 11– уми августи соли 2020 соати 13-00 дақиқа аз рӯи парвандаи иқтисодӣ таҳти №1-95/20 бо даъвои ҶСП ТАҚХ “ Имон […]

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *