Руский Руский

Экономический суд города Душанбе

Судебная власть защищает права и свободы человека и гражданина, интересы государство, организаций, учреждений, законность и справедливость (Конститутсия Республики Таджикистана)

Мамнӯъги Роҳомит

admin Без рубрики

Соли 1959 дар болооби дарёи Кофарниҳон мамнӯъгоҳи дуюми Тоҷикистон – «Ромит» бо масоҳати 16139 гектар ташкил шуд. Мамнӯъгоҳи Ромит дар ҳудуди ноҳияи Ваҳдат ҷоӣгир аст. Табиати мамнӯъгоҳ аз мавзеъҳои зебои сабзпӯш иборат буда, дар баӣни ду шохоби пуртуғёни дарёи Кофарниҳон – Сорбою Сардаи Миёна ва пасту баландиҳо ҷой гирифтааст. Олами гуногуни набототу ҳайвонот, ҷамоаҳо, популятсияҳо ва намудҳои нодиру камёфт, инчунин дар ҳолати муътадил карор доштани мавзеъҳои ҷангалзор, чаманзори зебо ва намудҳои нодири растанӣ ва ҳайвонҳо ба ҳусни мамнӯъгоҳ ҳусн зам мекунанд. Вазифаи асосии мамнӯъгоҳ дар ҳолати табиӣ нигоҳ доштани аксарияти қисмҳои тибиат ва пурра кардани баъзе ҷамоаҳо, барқарор ва ҳифзи онҳо мебошад. Дар обҳои тозаю пуртуғёни мамнӯъгоҳ ширмоҳию сагмоҳӣ, гулмоҳию лаккамоҳӣ, моҳии белбинӣ, дар тахтасангҳою хокрезаҳо, сангрезаҳою хокҳои мулоиму рангоранг миқдори зиёди сусмор, агамаи кӯҳӣ, сангпушту хорпушт, морҳои афъӣ, печон, кобра ва гурза, қамчинмор зиндагӣ мекунанд. Мамнӯъгоҳи «Ромит» чун мамнуъгоҳи кӯҳии ҷангалдор намудҳои зиёди паррандагон, аз ҷумла, булбул, саъба, момочурғотак, соч, мусича, тазарв, гунҷишки хонагӣ, кабк, кабки дарӣ, кабутар ва намудҳои зоғҳоро ба оғуши худ гирифтааст. Дар таркиби биосенози мамнӯъгоҳ зиёда аз 600-650 намуди ҳашарот, аз ҷумла, шапалакҳои нодир, эндемикӣ ҷой гирифтаанд. Бояд кайд кард, ки асоси боигарии мамнӯъгоҳ ин мавзеъҳои зебои олами наботот ва намудҳои гуногуни онҳост. Ҷамоаҳои зиёди дарахтӣ, буттагӣ, ки дар дигар қаламрави ҷумҳурӣ кам дучор мешаванд ё тамоман вуҷуд надоранд (аз таъсири одам нобуд шудаанд) дар мамнӯъгоҳи «Ромит» муътадил сабзиш дошта, ба онҳо челонзор, фаркзор, ангатзор, беду булутзор ва албатта бодомзору чормағззор мансубанд. Ҷамоаи бодомзору чормағззор омили муҳими мавҷудияти мамнӯъгоҳ хисоб мешавад. Дар сатхи муътадил дар кӯху кӯҳпорахо намудҳои зиёди растаниҳои ғизоӣ, аз ҷумла торон, чукрӣ, сунбул, зира, чойкаҳак, савсан, холмон, намудҳои гуногуни пиёз ва ғайра месабзанд. Масоҳати калони мамнӯъгоҳро то баландии 2800 м дарёву адирҳо, ҷамоаҳои туту гелос, себу биҳӣ, зардолую олуи ёбоӣ ишғол карда, инчунин растанихои доруворӣ, аз чумла, пудина, кифгули калон, тугмагул, зардкаҳак, сапали шутур, мураккабгул, ишим, камол низ кам нестанд.

Похожие записи

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №13,  мод. 195; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №9, мод. 238; […]

Камоли Хуҷандӣ

Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ (порсӣ: کمالالدین مسعود خُجندی ) — маъруф ба Шайх Камол аз орифон ва шоирони порсигӯи садаи XIV милодӣ […]

Тасдиқи рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик – Камоли Хуҷандӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик […]

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *