Руский Руский

Экономический суд города Душанбе

Судебная власть защищает права и свободы человека и гражданина, интересы государство, организаций, учреждений, законность и справедливость (Конститутсия Республики Таджикистана)

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028». — Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

admin Выступление, Презентации и доклады

Оғози асри XXI барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон давраи пешниҳоди ташаббусҳои наҷибона, ки заминаи амали рушди устувори кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ба ҳисоб меравад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон тавассути кўшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба ормонҳои миллӣ устуворона мавқеи хешро дар арсаи байналмилалӣ бештар тақвият дода, дар баробари он сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳаёти фарҳангию маънавии кишвар ба сатҳи сифатан нав инкишоф меёбад.

Дар ҷаҳони имрўза, новобаста аз мушкилоти гуногуни муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои дастаҷамъонаи кишварҳои олам барои дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои дорои хусусияти умумибашарӣ равшан ба назар мерасад. Дар доираи ин фаъолияти густурда, ҷалби амалҳои созандаю хайрхоҳонаи давлатҳои аъзо, таваҷҷуҳ ба ҷустуҷў ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ пайваста зоҳир мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сифати аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ чандин маротиба тавонист бо таҳия ва пешниҳодҳои муҳим дар мавриди ҷустуҷў ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Ин иқдомҳои шоиста кишвари моро дар пеши назари оламиён ҳамчун кишвари ташаббускор ва дорои таваҷҷуҳи хос дар ҳалли мушкилоти сайёра муаррифӣ намудааст.

Боиси фараҳмандист, ки 21 декабри соли 2016 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қатъномаи худро оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028” қабул намуда, дар лоиҳаи ин Қатънома ташаббускории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди эълон шудани «Соли 2003 — соли байналмилалии оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015”, “Соли 2013 — соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” махсус таъкид кардааст. Ин гувоҳи он аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо маҳорати қобили таваҷҷуҳ дар мавриди татбиқи манфиатҳои миллӣ дар сатҳи ҳамкории байнамилалӣ пайваста кушиш ба харҷ медиҳад. Татбиқи барномаҳои марбут ба соҳаи об инъикосгари манфиатдор будани натанҳо Тоҷикистон, балки дигар мамлакатҳои дуру наздик мебошанд.

Татбиқи барномаҳо бо таъкиди он ки манбаъҳои обӣ барои рушди устувор ва аз байн бурдани камбизоатӣ ва гуруснагӣ дорои аҳамияти ҳалкунандаанд, барои рушди захираҳои инсон ва таъмини саломатию бурдбории инсон комилан зарур буда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва дигар ҳадафҳои марбут ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа шуда, аҳамияти аввалиндараҷа доранд.

Маънии “рушди устувор” ин рушди бонизом буда, 3 омили асосии зеринро дар худ таҷассум менамояд:

1.рушди босуръати иқтисодиёт;

  1. баробарии иҷтимоӣ;
  2. суботи экологӣ.

Зарурати қабули Қатъномаи мазкур ба он нигарониҳои умумибашарии зерин асоснок мегардад, ки барои ҳамаи кишварҳои олам дахл доранд: афзоиши аҳолию раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйироти иқлим, инчунин, набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки об ва дар оянда авҷ гирифтани мушкилоти марбут ба набудани дастрасӣ ба оби нушокии бехатар, хизматрасонии асосӣ дар соҳаи беҳдошт ва малакаҳои қавии тозагӣ, нобаробарӣ ба дастрасӣ, офатҳои гидрологӣ.

Ҷумҳурии Тоҷикистони кӯчак куҳсор буда, зиёда аз нисфи масоҳати он дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Бояд бо хушнудӣ қайд кард, ки кишвари мо яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар куҳҳои осмонбӯси он захираҳои калони оби аз ҷиҳати экологӣ тоза мавҷуд буда, захираҳои пиряхҳо низ зиёданд. Кишварамон аз ҳаҷми масоҳати умумӣ дар ҷаҳон ҷои 85-умро ишғол карда, аз ҷиҳати захираҳои пас аз давлатҳои абарқудрат: Хитой, Россия, ИМА, Бразилия, Зоир ва Ҳиндустон ҷойи намоёнро умро ишғл мекунад. Ба андешаи олимони экологӣ дар миқёси Осиё Марказӣ 60 фоизи оби аз ҷиҳати экологӣ тоза аз ҷумҳурии мо ибтидо мегирад. Ҳар сол дар ҷумҳурии мо 60 километри мукааб об ҷорӣ шуда, аз он 8 километри мукааб обҳои зеризаминӣ мебошанд.

Мутобиқи ҳисобу китоби пешакии коршиносони соҳаи об то соли 2030 зиёдшавии истифодабарии об дар Осиёи Марказӣ 15-20 фоизро ташкил медиҳад. Агар камшавии ҷараёни дарёҳоро дар натиҷаи тағирёбии иқлим ба ҳисоб гирем, вазъияти ба вуҷудомада хеле хатарнок ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти СММ ҳанӯз тақрибан 800 миллион нафар аҳолии ҷаҳон ба оби тозаи ошомиданӣ ва 2,5 миллиард нафар аҳолӣ бо шароити кофии беҳдошт таъмин нестанд. Офатҳои табии марбут ба об беш аз 60 миллиард доллари ИМА хисорот оварда, хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба ҳаёти зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион одам таҳдид мекунад. Тибқи пешбинии СММ шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 аз 9 миллиард нафар зиёд мешавад. Ин боиси афзоиши истеъмоли об мегардад. Агар таъсири тағйирёбии иқлим ҳамин хел идома ёбад, 50 фоизи аҳолии курраи Замин бо мушкилоти норасоии об рӯ ба рӯ мегардад.

Таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба захираҳои об. Баландшавии ҳарорати ҳаво дар садсолаи охир, ки боиси кам гардидан ва аз байн рафтани захираҳои об, аз ҷумла пиряхҳо гардид, мушкилоти инсонҳоро афзун намуда, дар ин замина офатҳои фоҷианокро ба бор овард.

Дар даҳсолаҳои солҳои охир то 30% пиряхҳои Тоҷикистон об шуданд ва ин тамоюл, мутаассифона, то ҳол давом дорад. Масоҳати бузургтарин пиряхи кўҳӣ — Федченко дар Тоҷикистон ба андозаи то 2 км коҳиш ёфтааст. Соли 2016 соли гармтарин дар садсолаи охир буда, дар ин давра то 30% камшавии оби дарёҳои Аму ва Сир ба мушоҳида расидааст.

Даҳсолаи мазкур ташаббус ва иқдоми бузурги башардўстонае ба шумор меравад, ки дар амал татбиқ намудани он ба ҳаёти миллиардҳо сокинони сайёра беҳбудӣ ва хушбахтӣ меорад ва эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускори ин иқдом боло мебарад.

Акунун даҳсолаи нав ба масъалаҳои норасоии об, санитария, самаранокии (маҳсулнокии) экосистема, партовобҳо ва зарурати таъмини идораи ҳамгироёнаи захираҳои об, хатарҳои марбут ба об ва ба ҳамбастагии ҳадафҳои гуногуни рушди устувор таваҷҷуҳ менамояд.

Мақсадҳои Даҳсолаи байналмилалии нав зиёд намудани таваҷҷуҳ ба рушди устувор ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об барои ноил гаштан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ –иқтисодӣ ва ҳифзи табиат, рушди ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳама сатҳҳо барои мусоидат дар татбиқи ҳадаф ва вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқгардонидашудаи рушди устувор дар давраи то соли 2030 мебошад, ки ба захираҳои об вобастаанд.

-Модоме, ки асоси зиндагии, ҳамаи мавҷудоти олам об аст, пас ҳар яки мо вазифадорем, ки обро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшандиҳанда, созгори дунё озода нигоҳ дорем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як баромадашон таъкид карда буданд: “Сарзамини азизи мо – Тоҷикистон табиати бою рангин, иқлими мусоид, хоки ҳосилхез, маъданҳои нодир, ҷангал, марғзорҳои сабзу хуррам дорад. Мо бояд аз ин шукрона гӯем, ки ҳамин обу хоки бофайз, ҳамин табиати босаховат дар мушкилтарин рӯзҳои ба сарамон омада баракату раҳматашро аз мо дареғ надошт”.

Ҳадафи аслии қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 чист ва он барои Тоҷикистон ва ҷаҳон чӣ аҳамият дорад?

Мақсади асосии қатъномаи мазкурро муҳайё сохтани механизм ва платформаи иловагӣ барои мусоидат баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар қисмати об ва дигар аҳдофи марбут ба оби дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқагардида ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, қатънома талаб менамояд, ки кишварҳои узви СММ, созмонҳои байнидавлатӣ ва тамоми ҷонибҳои манфиатдор ба рушди устувори захираҳои об таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об баҳри тавсеаи ҳамкорию иштирок дар ҳама сатҳҳо, ҷалб ва татбиқи барномаҳову лоиҳаҳои соҳаи об талош варзанд.

Бо назардошти ин, дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул гардидани қатъномаи мазкур, як платформаи муҳимро барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об муҳайё месозад, ки дар татбиқи амалии аҳдофу  вазифаҳои марбут ба оби ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.  Илова ба ин, қатъномаи мазкур захираҳои молиявӣ, кумакҳои техникии гуногунро муттаҳид гардонида, истифодаи самараноки захираҳои молиявии мавҷударо барои татбиқи ҳадафҳои марбут ба захираҳои оби рушди устувор тавсия менамояд ва барои ҷалби бештари маблағҳои сармоягузорӣ аз сарчашмаҳои гуногун шароит фароҳам меоварад. Мавриди зикр аст, ки сармоя ва маблағгузорӣ дар соҳаи об, хусусан, барои рушди инфрасохтори об, яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои соҳаи об мебошад ва интизор меравад, ки қабул гардидани  Даҳсолаи нав ба ин раванд такони ҷиддӣ ва неруи тоза мебахшад. Ҷаҳони имрӯза ба мушкилоти зиёди марбут ба об мувоҷеҳ аст. Айни замон ҳудуди 800 миллион нафар ба оби нӯшокии безарар дастрасӣ надошта, интизор меравад, ки бо назардошти афзоиши тадриҷии  аҳолӣ то соли 2030 қариб 40%-и аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор гарданд.

Истифодаи нодурусти об дар соҳаи кишоварзӣ, ки 70 фисади захираҳои обро ташкил медиҳад, ба шўршавии тақрибан 20%-и заминҳои обёрӣ оварда расонидааст, ки дастёбии бехатарии озуқавориро дар оянда зери шубҳа мегузорад. Зеро айни замон наздики 60 фисади захираҳои озуқаи ҷаҳонӣ маҳз тавассути обёрии кишоварзӣ истеҳсол карда мешаванд.

Мушкилоти дигари мубрам дар соҳаи об ин дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани ҳамкории байнидавлатӣ оид ба истифодаи обҳои фаромарзӣ мебошад. Бояд изҳор дошт, ки ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ 45 фисади қисмати хушкии дунёро фаро гирифта, дар ҳудуди онҳо зиёда аз 40 фоизи аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанд. Дар ин ҳавзаҳо 145 кишвари дунё ҷойгир буда, бе ҳамкории зич ҳалли масъалаҳои марбут ба об ва дар ин замина таъмини сатҳу сифати муносиби зиндагӣ барои аҳолии онҳо мушкил мегардад.

Мудирияти беҳтари об, истифодаи самараноки захираҳои об, тавсеаи ҳамкориву ширкат, тақвияти амалҳои зеҳниву молиявӣ ва техникии ташкилотҳои марбут ба об ва афоиши маблағгузорӣ дар ин самт, ки аз ҳадафҳои муҳими Даҳсола ба шумор мераванд, барои ҳалли масъалаҳои мазкур мусоидат намуда, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин манфиатҳои зиёд хоҳад дид.

Мавриди зикр аст,  ки мақсаду аҳдофи пешбининамудаи  Даҳсола бозгўи талаботи имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, 177 кишвари дунё ҳаммуалифи қатънома гаштаанд, ки ин нишондиҳандаи муҳим ва саривақтӣ будани ташаббуси неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Барои Тоҷикистон соҳаи захираҳои об яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ ба ҳисоб рафта, дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии он нақши муҳим мебозад. Солҳои охир бинобар таъсири омилҳои гуногун, аз қабили гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, бо сабаби афзоиши аҳолӣ зиёд гардидани талабот ба захираҳои об, рушди иқтисод, коҳиш ёфтани захираҳои об зери таъсири тағйирёбии иқлим, афзоиши ҳолатҳои фавқулодаи гидрометеорологӣ ва ғайра ин соҳаи муҳим бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуда истодааст.

Даҳсолаи нав танҳо ба нафъи Тоҷикистон аст ва ё метавонад барои кишварҳои минтақа низ аз манфиат холӣ набошад?

Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 бо иттифоқ қабул гардидааст, ки он нишони дастгирии ҳама кишварҳои узви СММ мебошад. Метавон гуфт, ки ҳадафу вазифаҳои Даҳсола барои ҳама кишварҳои аъзо, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, муҳим арзёбӣ мегардад. Дар  ҳоле ки рушди устувори захираҳои об тавассути мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, тавсеаи ҳамкорию ширкат дар ҳама сатҳҳо, ҷалби маблағҳо ва сармоя, татбиқи барномаву лоиҳаҳо дар соҳаи об  ҳадафҳои асосии  Даҳсолаи нав маҳсуб меёбанд, бешубҳа, мусоидат ба ҳалли ин масъалаҳо ба манфиати кишварҳои Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Бо назардошти нуқтаҳои мазкур Даҳсолаи нав бо ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа метавонад барои кулли кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатовар бошад.

-Ташаббусҳои нав ва мавҷударо, ки ба қабули уҳдадориҳои давлатҳо ва иҷрои онҳо равона гардидааст, инчунин, маблағгузорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти донорҳоро бо роҳи тақвиятбахшии механизмҳои аллакай мавҷуда дар сатҳи минтақавӣ ва глобалӣ ва баррасии усулҳои инноватсионии маблағгузорӣ дастгирӣ намуда, таҳкурсии устувор барои ҳалли минбаъдаи  масъалаҳои марбут ба идоракунии захираҳои об барои солҳои 2018-2028 ба вуҷуд оварад. Таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро барои иҷрои Ҳадафҳои рушди устувори вобаста ба об дар Тоҷикистон ва минтақа бештар намояд.

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028”, дар ҳамбастагӣ бо дигар ташаббусҳои ҷаҳонии марбут ба об мавқеи хос ва нақши пешбарандаи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об инъикос намуда, эътироф гардидани Тоҷикистонро аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун мамлакати пешсаф дар ин самт муаррифӣ менамояд.

Похожие записи

Стратегияи муқовимат бо коррупсия ва инкишофи он. — Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Зиёева М.И.

Роҳбарияти сиёсии кишвар таҳти сарварии Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ноил гардидани ҷумҳуриамон ба соҳибихтиёрӣ дар […]

Мафҳум, субъект, объекти коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ. — Котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Субҳонзода А.С.

«Бо назардоштаи он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда сади роҳи инкишофи ҷомеа […]

Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020. — Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Қаноатзода О.Р.

Бо фармони Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августа соли 2013 таҳти №1504 Стратегияи зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, тасдиқ […]

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *