Экономический суд города Душанбе, адрес: 734042, Республика Таджикистан город Душанбе, проспект Айни 14А. Телефон: (+992 37) 222 20 84;

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Дар Тоҷикистон барои даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ корҳои омодагӣ ҷараён доранд

То оғози маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ки ҳамасола 1 октябр шурӯъ гардида, то охири моҳи ноябр идома меёбад, рӯзҳои башумор мондаанд. Аллакай масъулини мақомоти вобастаи даъват дар якҷоягӣ бо кормандони Комиссариати ҳарбӣ барои дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани ин маъракаи муҳими сиёсӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намудаанд, иттилоъ дод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи мамлакат, полковник Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА.

Тавре зимни суҳбат Фаридун Маҳмадализода иброз намуд, ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду мавсими даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст. Яке даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбист, ки аз 1 апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад. Дуюмӣ- ин даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбист, ки аз 1 октябр шурӯъ шуда, то охири моҳи ноябр ташкилу ба роҳ монда мешавад.

«Ҳоло ҳамкории зичи мақомот бо аҳолии кишвар, бавижа дар шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шудааст, ки дар доираи он талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандон ва гусели сарбозоне, ки муҳлати муайяншудаи хизмати ҳатмии ҳарбиро ба анҷом расонидаанд, ба мардум фаҳмонида мешавад. Дар заминаи ин ҳамкорӣ ҳамзамон бо худи ҷавонони синни даъватӣ вохӯриҳои судманд анҷом дода мешаванд, то онҳо вазифаи худуҳдадориро дар шомил шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар сатҳи зарурӣ иҷро намоянд»,-иброз дошт сардори маркази матбуот.

Моҳи январи соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар тарҳи нав қабул карда шуд, ки он аз 10 боб ва 62 модда иборат буда, тамоми самтҳои фаъолияти даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳое, ки ба қайд гузоштани хизмати ҳарбиро ба танзим медароранд, дар бар мегирад. Мутобиқи ин қонун, ҳамасола теъдоди муайяни шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват карда мешаванд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар асоси таҳлилу омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами кишварҳои дуру наздики хориҷӣ таҳия гардида, ба талабот ва шароити ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудааст. Илова бар ин, қонуни мазкур якчанд навовариҳоро вобаста ба тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ, бақайдгирии шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулияти онҳо, тартиби адои хизмати ҳарбӣ, мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ намуда, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ равона шудааст.

Дарвоқеъ, дар шароити имрӯзаи пуртазод вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, ки ҳатто давлатҳои пурқудрат ба таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гашта, буҳрони иҷтимоиву иқтисодӣ аксари кишварҳои сайёраро дар ҳолати ноустувор қарор додааст, ягон ҷавони ватандӯсту меҳанпарасти кишварро бетафовут гузошта наметавонад. Имрӯзҳо ҷавонони барӯманду қавииродаи кишвар хуб дарк кардаанд, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи виҷдонӣ ва имонист. Пас месазад, ки ҳар ҷавони ба синни даъватӣ расида баҳри ҳифзу ҳимояи ҳар ваҷаб замину ҳар зарра хоки Ватан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар шомил гардад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *