27 сентябр дар шаҳри Вашингтон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ёвари вежаи Президенти ИМА – Мудири аршад оид ба Россия ва Осиёи Марказии Шӯрои амнияти миллӣ Эрик Грин баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Тарафҳо роҷеъ ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, рушди муносибатҳои дуҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули афкор намуданд.