Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Иштироки судяҳо дар дар ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории салоҳиятноки байниидоравӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ

admin Хабарҳо

Имрӯз судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода П.Т. ва судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С. ҷиҳати иҷрои дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар кишвар ва баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон, дар арзёбиҳои байналмилалӣ дар ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории салоҳиятноки байниидоравӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иштирок карданд.

Иштирокчиёни ҷаласа оид ба арзёбии мурофиаҳои судӣ ва масъалаҳои ҳуқуқӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои иқтисодӣ, ворид кардани тағйирот ба қонунгузории амалкунанда оид ба таъмини ҳуҷҷатгузории электронӣ, ҷори кардани воситаҳои идоракунии электронии парвандаҳо ва мубодилаи ҳуҷҷатҳо барои судяҳо ва адвокатҳо, такмили механизми амалкунандаи пардохти электронии хароҷотҳои судӣ, ҷори намудани хизматрасонии электронӣ, таъмини баровардани қарорҳои судӣ, нашри маълумоти муфассали судӣ оид ба парвандаҳои иқтисодӣ ва ба тартиб даровардани шумораҳои зиёди мавқуфгузории парвандаҳо суханронӣ ва пешниҳодҳо карда, баҳри баланд шудани мавқеи кишвар дар ин самт маълумотҳои дахлдор  гирифтанд.

You May Also Like..

РУЙХАТИ ПАРВАНДАҲОИ ДАР ИСТЕҲСОЛОТ ҚАРОР ДОШТАИ СУДИ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

1-14/24 С/И Садуллоев Хуршед Гулмуродович ҶДММ “Соро Компания” Оид ба руёнидани зарари модди ба маблағи 3 352 657 сомонӣ 04.12.23 05.03.24 С […]

Рӯзӣ 30 августи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Рӯзӣ 30 августи соли 2023  дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *