ХАТАРИ ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН
ХАТАРИ ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН
Имрӯз яке аз масъалаҳои ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Созмонҳои террористию экстремистӣ фаъолияташонро вобаста ба паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаву адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ба худ ҷалб намудани ҷавонон ва содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта мехоҳанд сохти ҷаъмиятӣ-сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳанд.
Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ ба оромию амнияти ҷаҳон ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам медиҳад. Ҳол он, ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушд нахоҳад кард. Ҳадафи терроризм танҳо аз байн бурдани ҳуқуқи инсон, демократия ва волоияти қонун аст. Он ба арзишҳое, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шартномаҳои байналмилалӣ қарор доранд, аз қабили эҳтиром ба ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, таҳаммулпазирӣ байни халқҳо ва кишварҳо монеа гашта, дар амалишавии принсипҳои болозикр таъсири манфии худро мерасонад.
Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ, пеш аз ҳама ташаккули заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, пешгирӣ ва муқовимат бо ин омилҳои номатлуби ҷомеаро фаро мегирад. Дар ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Имрӯз экстремизм ва терроризм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.” Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори муқовимат ба экстремизм ва терроризм мавқеи устувор дошта, таҷрибаи ғанӣ касб намудааст ва дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади мубориза алайҳи ин амалҳои номатлуб дар кишвари мо заминаҳои меъёрии ҳуқуқии мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош мекунад, то ки аз пайомадҳои ногувори ин гуна амалҳо пешгирӣ намояд.
Таърихи афкори инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набудааст, балки бар зидди хурофот, кӯҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе аз диндорони бесавод мубориза бурдааст. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст. Аммо хурофот, нодонӣ ва ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.
Рафторҳои ғайриинсонӣ, ваҳшоният, қатлу куштори мардуми бегуноҳ, шиканҷаи беасос, аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ имрӯз дар ҷомеа таъсири бади худро гузошта истодаанд, ки ин мардуми саёраро ором гузошта наметавонад. Ин қабил гурӯҳҳои аз илму дониш ва одобу ахлоқ дурмонда, воқеияти ҳаёту зиндагиро умуман дарк накарда, ҳатто худро қурбони ҳадафу мақсадҳои дигар ифротиён месозанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора менамоянд: “Террорист-ватан, дин, миллат ва мазҳаб надорад”. Ин маънои онро дорад, ки террористон мансубият ба ягон миллат ё давлате надошта, танҳо дар пайи амалӣ намудани ҳадафҳои нопоку ғаразноки худ ва роҳбарону хоҷагонашон мебошанд.
судяи Суди иқтисодии
шаҳри Душанбе Гадозода Б.
