Без рубрики

Таърихи ташаккули ҳокимияти судӣ дар замони давлатдории тоҷикон

Таърихи давлатдории тоҷикон ҳанўз дар дунёи қадим, дар ҳазораи 11-и пеш аз мелод оғоз гардида, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ҳокимияти судии он низ таърихи хело қадима дорад.

Аз ҷумла, дар тамаддуни Зардуштӣ мурофиаи хоси ҳалли баҳсҳо вуҷуд дошт, ки онро «Суди илоҳӣ» номида, китоби муқаддаси дини Зардуштӣ «Авесто» доир ба 33 тарзи тартиби ошкор сохтану, ҷазо додани қонунвайронкунандагонро маълум намудааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки дар давлатдории Сомониён адолати судӣ тавассути девони қозӣ амалӣ карда шуда, қозӣ аз ҷониби амир вобаста ба баррасии баҳсҳои ҳуқуқӣ ва шаръӣ таъин мегардид. Дар он замон марҳилаи олии судӣ сарвари давлат, яъне амир ба ҳисоб рафта, ғайр аз қозии корҳои ҳарбӣ, қозиҳо аз рӯи тақсимоти маъмурӣ-ҳудудӣ, дар шаҳрҳо, вилоятҳо таъин мешуданд. Ҳуқуқи қозиҳои давлати Сомониён бағоят васеъ буда, доираи салоҳияти онҳо ягон маҳдудияте надошт. Баъди сукути давлати Сомониён, анъанаҳои онро таърихи давлати Ғуриён идома додааст. Дар давраи ҳукмронии Муғулҳо дар Осиёи Миёна ба фаъолияти судии қозиҳо диққати ҷиддӣ дода, дар Хуросону Мовароуннаҳр истеҳсолоти судӣ ва мурофиаю тартиби даъво такмил дода шуда, санадҳои ҳуқуқии Ғозохон «Амр оид ба эҳтироми қадру қиммати қозиҳо» тасдиқ гардидааст, ки мувофиқи он қозӣ ҳамчун мақомоти давлатӣ, ки барои доди ҳақиқат амал мекунад, эътироф шудааст. Дар ин давра қозиҳо танҳо он парвандаҳоеро баррасӣ мекарданд, ки ба шариат дахл доштанд. Аморати Бухоро ба 27 вилоят(бекигарӣ) тақсим гардида, ба ҳар яке аз онҳо қозӣ аз тарафи амир таъин карда мешуд. Қозӣ дар асоси шариат корҳои маҳкамаро ба ҷо меовард. Ҳуқуқи додани мансабу унвони қозикалон, ду ноиби он ба амир тааллуқ дошт.

Пас аз бо Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна бо назардошти урфу одатҳо ва эътиқоди ниҳоят мустаҳкам доштани аҳолӣ ба дин фаъолияти қозиҳо нигоҳ дошта шуда, онҳо аз ҷониби намояндаи маъмурияти ҳукумати подшоҳӣ-губернатори ҳарбӣ таъин карда мешуданд ва аз соли 1867 мувофиқи «Лоиҳаи низомномаи идоракунӣ дар вилояти Ҳафтрӯд ва Сирдарё» тартиби интихоби қозиҳо ҷорӣ карда шуд. Пас аз ғалабаи Инқилоби Октябр 2 сентябри соли 1920 Республикаи Халқии Советии Бухоро бо қарори худ судҳои қозигии то инқилобиро барҳам дода, таъсиси судҳои советии халқӣ ва судҳои қозигии халқиро эълон намуда, онҳо ба нозири адлияи Республикаи Халқии Советии Бухоро тобеъ карда шудаанд.

Минбаъд санаи 14 октябри соли 1924 Иҷлосияи дуюми Кумитаи иҷроияи марказии умумироссиягӣ қарори Кумитаи иҷрояи марказии Республикаи автономии советии сотсиалистии Туркистонро дар бораи тақсимоти миллӣ-давлатӣ тасдиқ намуда, Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барпо гардида, яке аз аввалин судҳо-суди округи Бухорои шарқӣ таъсис ёфт, ки таърихи таъсисёбии судҳои Тоҷикистонро бо ин сана алоқаманд донистан мумкин аст. Дар маҳалҳо бошад, қозиҳои кент, туман, вилоят боқӣ монданд. Давоми солҳои 1925-1926 дар қаламрави Республикаи Автономии Сотсиалистии Тоҷикистон судҳои халқӣ, судҳои округӣ ва шуъбаи Тоҷикистонии Суди Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Узбекистон таъсис дода шудаанд. Моҳи июни соли 1927 бо қарори Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии мухтори шуравии сотсиалистии Тоҷикистон шуъбаи Тоҷикистонии Суди Олии Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Узбекистон ва ҳамаи судҳои округӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ барҳам дода шуданд. Сарсуди Ҷумҳурии мухтори шуравии сотсиалистии Тоҷикистон ва дар вилоятҳо намояндагони Сарсуд таъсис ёфтанд. Бо қарори Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 1929 Суди Олии Ҷумҳурии Сотсиалистии Шуравии Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳайати онро, ки аз Раис, ҷонишин, аъзоёни суд ва шуъбаҳо иборат буд, Кумитаи иҷроияи марказӣ дар асоси пешниҳоди Комиссариати халқии адлия таъин менамуд.

Бо ба даст овардани истиқлолият, дар санаи 09-сентябри соли 1991, ки тўҳфаи бебаҳо ва деринтизори халқи тоҷик буд, дар рушду такомули ҳокимияти мустақили судии кишвар роҳи рушди комилан навро кашф намуд. Давраи Истиқлолияти давлатӣ марҳилаи нави таърихии ҳокимияти судии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, он аз ислоҳоти конститутсионӣ маншаъ мегирад. Аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон санаи 6 ноябри соли 1994  Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо роҳи райпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки тибқи моддаи 9-и он он ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Тибқи моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шудааст. Ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тавассути мақомоти судӣ кафолат додааст.Таъмини ҳифзи ҳуқуқ озодиҳои инсон, қонуният ва адолати иҷтимоӣ вазифаи муқаддаси ҳокимияти судӣ маҳсуб меёбад. Мувофиқи талаботи моддаи 20-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.

Ҳамин тариқ боби ҳаштуми Конститутсия ба танзими ҳокимияти судӣ чун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он, низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амали намудани адолати судӣ ва ваколатҳои судяҳоро муқаррар намудааст. Моддаи 87-уми Конститутсия муқаррар кардааст: «Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст». Ин муқаррарот фаъолияти мустақилона ва баамалбарории адолати судиро пурра таъмин менамояд. Мустақилияти судяҳо яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, барои таъмини фаъолияти судӣ, ки дар асоси Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда таъсис дода шудааст, равона гардидааст.

Бобати ноил шудан  ба ҳадафҳои мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини сохтори судии мустақилу беғараз, рушди нақш ва мавқеи суд, такмили фаъолияти он чор маротиба солҳои 2007-2009, 2011-2013, 2015-1017 ва 2019-2021 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуда, дар ин самт барои иҷрои як қатор чорабиниҳо дар назди мақомот вазифаҳои мушаххас гузошта, тўли солҳои охир дар ин раванд қонунгузории амалкунанда такмил ёфта, бо мақсади такмили ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани обрўю эътибори он дар ҷомеа, шаффофу босамар гардонидани фаъолият ва таъмини мустақилияти судяҳо таваҷҷўҳи хоса зоҳир мегардад.Таваҷҷуҳи Роҳбари Ҳукумати мамлакат ба ҳокимияти судӣ ва андешидани тадбирҳо оид ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ буд, ки санаи 02 январи соли 2018 таҳти №1480 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, рўзи 26 октябр Рўзи кормандони мақомоти судӣ эътироф карда шуд, ки ин боиси ифтихору рўҳбаландии кормандони мақомоти судӣ буда, онҳо фаъолияти худро баҳри ба амал баровардани адолати судиву иҷтимоӣ, таҳкими нақш ва мавқеи суд дар ҷомеа ҳамчун таъминкунандаи роҳи самарабахш ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд роҳандозӣ менамояд.

                                         Судя                                                   Гадозода Б.Ҳ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *