ТАЪРИХИ ПАРЧАМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар байни ҷашнҳои давлатӣ чандин санаҳои муҳим ва хуҷаста ҳастанд, ки аз як ҷониб, ба афзун гардидани ҳисси ифтихормандӣ боис шаванд, аз ҷониби дигар, масъулияти фардиву ҷамъиятиро барои дифоъ аз арзишҳои истиқлолият, гиромидошти хотираву анъанаи гузаштагон ва дарки рисолати шаҳрвандӣ барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон дучанд зиёд мегардонанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонунро оид ба муқаррар намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парламенти кишвар пешниҳод намуданд, ки тибқи он, баъди ворид кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» (аз 19-уми ноябри соли 2009) ҳар сол 24-уми ноябр дар кишвар Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек, давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад.
Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.
Парчам– ин рамзи истиқлолият, дӯстиву бародарӣ ва ягонагии давлат мебошад. Пайдоиши аввалин парчамҳо ба замонҳои қадим рафта мерасад, ки сарчашмаҳои таъриҳӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд.
Дар соли 550 пеш аз милод аз ҷониби бузургтарин шахсияти таърихӣ – Куруши Кабир империяи ҷаҳонии Ҳахоманишиниҳо таъсис дода шуд. Ин давлат низ соҳиби парчами миллии худ буд. Дар парчами Ҳахоманишиниҳо уқоби болкушода ва дар болои сари уқоб офтоб тасвир ёфта буд.
Ҳамзамон қайд кардан лозим, ки парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодони сарбаландамон мерос мондааст. Агар ба рамзҳои парчами миллӣ бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд.
Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Нахустин Парчами Тоҷикистон чун кишвари воҳид соли 1929 қабул гардид. Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ эълон шудани Тоҷикистон қонун дар бораи парчам низ тағйир ёфт ва соли 1931 Парчами давлатӣ қабул шуд. Соли 1935 дар Парчами давлатӣ номи Тоҷикистони Шуравӣ бо забони русӣ сабт гардид. Ҳамин тавр, солҳои 1940, 1946 ва 1953 тағйироти дигар низ илова шуд.
Парчами нави давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессия Шурои Олӣ 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.
Барои таҳияву пешниҳод намудан ва қабули рамзҳои нави Тоҷикистони соҳибистиқлол муддати ду сол қувваҳои эҷодиву ҷустуҷуӣ сарф шудааст. Аввалҳои соли 1990 аз ҷониби Шурои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ озмун эълон карда шуд.
Дар аввал ба сифати ангораҳои асоси муаллифон дар Парчами давлатӣ нақши шер, тоҷ ва ситораҳоро нақшнигорӣ намуданд. Нақши шер аз анъанаҳои форсу-тоҷик сарчашма гирифта ҳамчун рамзи боақлӣ, ҷасурӣ ва адолатро ифода менамуд. Баъд аз ин гурӯҳи корӣ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои нақши шер нақши тоҷ ва ҳафт ситораро чой намуданд. Қайд кардан зарур аст, ки нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ таҷассумгари муттаҳидсозии давлату миллатро ифода менамояд. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шуд, ки ифодагари рақами хафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахтӣ маънидод карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки баъди ин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои қасри «Арбоб» дар шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо сессия таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон баргузор гардида буд, барафрохта шуд.
Вобаста ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Тоҷикистон 11-декабри соли 1992 «Низоманома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 12-майи соли 2007-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Президенти мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рузи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.
Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Парчам дар таърихи ҳар халқу давлат мояи ифтихору ғурур будааст, ки баҳри ҳимояи марзу бум, номусу озодӣ, забону фарҳанг, ватану миллат фарзандони баору номусро зери сояи худ сарҷамъ месозад. Парчам рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, умед ба фардои дурахшон ва лоиқи эҳтироми ҳар шаҳрванди худогоҳу худшинос аст. Парчам барои миллат ахтар ва барои лашкар қудрат аст. Ҷилваи парчам шабеҳи болафшонии парандаи бахту иқбол аст.
Дар охир ҳаминро қайд карданиям, ки парафшонии Парчами давлатӣ дар ҳар гӯшаи сайёра аз мавҷудияти ин ё он миллату давлат дарак медиҳад. Дар ҳақиқат, таҳти парчами аҷдодӣ миллати мо садҳо ва ҳазорҳо сол саф кашида, Ватану миллат, озодиву номус, дину фарҳанг ва марзу буми гузаштагони худро ҳимоят кардаанд.
Вазифаи мо насли имрӯзаи миллат, барои дар рӯҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.
Котиби маҷлиси судӣ Қудратов М.Д.
